ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва роҳбарони мақомоти қудратии ноҳияи Ванҷ бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Язгулом вохӯрӣ доир намуданд.
Ҳадафи мулоқот аз шарҳи муҳтавои ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили озмунҳо, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангӣ, шинонидани ниҳолҳо, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳолати пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт иборат буд.
Ҷамоати деҳоти Язгулом дорои беш аз 6 ҳазор нафар аҳолӣ буда, сокинони он ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва меҳнати аҳлона симои деҳотро куллан тағйир дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гашрдидаанд.
Солҳои охир барои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Язгулом аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, биною иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд. Алҳол дар ин ҷамоат 7 муассисаи таҳсилоти асосию умумӣ, 4 китобхона, қасри фарҳанг, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва таваллудхона ба мардум хизмат мерасонанд.