Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имтиҳонҳои озмоишӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 декабр дар 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон 5464 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳонҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд, дар имтиҳони озмоишӣ аз шаҳри Бохтар 267 нафар, шаҳри Кӯлоб- 270 нафар, шаҳри Левакант-271 нафар, ноҳияи Балҷувон- 218 нафар, ноҳияи Темурмалик- 280 нафар, ноҳияи Данғара- 266 нафар, ноҳияи Восеъ- 286 нафар, ноҳияи Фархор-265 нафар ва аз ноҳияи Ҳамадонӣ 228 нафар иштирок доранд.
Ҳамзамон аз ноҳияи Муъминобод 282 нафар, ноҳияи Ш. Шоҳин-137 нафар, ноҳияи Ховалинг-134 нафар, ноҳияи Вахш-258 нафар, ноҳияи Кӯшониён-280 нафар, ноҳияи Ҷ. Балхӣ- 209 нафар, ноҳияи Ҷайҳун- 279 нафар, ноҳияи Дӯстӣ- 259 нафар, ноҳияи Қубодиён-252 нафар, ноҳияи Н. Хусрав- 229 нафар, ноҳияи Шаҳритус-271 нафар, ноҳияи Хуросон-262 нафар, ноҳияи Панҷ-261 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум аз 119 муассисаи таълимӣ барои иштирок даъват гардидаанд.
Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон дар имтиҳонҳои озмоишӣ бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:
— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 729 нафар хатмкунанда.
— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 1063 нафар хатмкунанда.
— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 945 нафар хатмкунанда.
— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 750 нафар хатмкунанда.
— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 1977 нафар хатмкунанда.
Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври худкор гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокдор равона карда мешавад.
Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонист.








ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад






