Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имтиҳонҳои озмоишӣ ҷараён доранд

Декабрь 16, 2020 13:51

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 15 то 17 декабр дар 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон  5464 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳонҳои озмоишӣ гузаронида мешаванд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд,  дар имтиҳони озмоишӣ аз шаҳри Бохтар 267 нафар, шаҳри Кӯлоб-  270 нафар, шаҳри Левакант-271 нафар, ноҳияи Балҷувон- 218 нафар, ноҳияи Темурмалик- 280 нафар, ноҳияи Данғара- 266 нафар, ноҳияи Восеъ- 286 нафар, ноҳияи Фархор-265 нафар ва аз ноҳияи Ҳамадонӣ  228 нафар иштирок доранд.

Ҳамзамон аз ноҳияи Муъминобод 282 нафар, ноҳияи Ш. Шоҳин-137 нафар, ноҳияи Ховалинг-134 нафар, ноҳияи Вахш-258 нафар, ноҳияи Кӯшониён-280 нафар, ноҳияи Ҷ. Балхӣ- 209 нафар, ноҳияи Ҷайҳун- 279 нафар, ноҳияи Дӯстӣ- 259 нафар, ноҳияи Қубодиён-252 нафар, ноҳияи Н. Хусрав- 229 нафар, ноҳияи Шаҳритус-271 нафар, ноҳияи Хуросон-262 нафар, ноҳияи Панҷ-261 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум аз 119 муассисаи таълимӣ барои иштирок даъват гардидаанд.

Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон дар имтиҳонҳои озмоишӣ бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:

— гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 729 нафар хатмкунанда.

— гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 1063 нафар хатмкунанда.

— гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 945 нафар хатмкунанда.

— гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 750 нафар хатмкунанда.

— гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 1977 нафар хатмкунанда.

Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври худкор гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокдор равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, пеш аз ҳама, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонист.

Декабрь 16, 2020 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст