ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хатлон 959 муассисаи тандурустӣ бунёд мегардад

Январь 11, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз 959 муассисаи гуногуни тандурустӣ бунёд мегарданд, ки он ба  баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Аз ин шумора 53 адад беморхона, 105 адад марказҳои саломатӣ, 341 адад бунгоҳи тиббӣ, 230 адад нуқтаҳои хатна, 30 адад таваллудхона ва 200 ададро  дорухонаҳо ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки то имрӯз бештари ин муассисаҳои тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

 «Феълан корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои нисбатан бузургҳаҷм, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати хоб, инчунин Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар идома доранд»,-афзуд мавсуф.

Мирзоалӣ Раҷабзода гуфт, ки Вазоати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нақша доранд, ки тамоми ин муассисаҳои тандурустиро бо таҷҳизоти нодири аз давлатҳои хориҷӣ харидоришаванда таъмин намоянд.

Январь 11, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид