ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Истаравшан соҳибкор бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бунёд намуд

Январь 20, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо ба истифода дода шуд.

Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Фирдавс Абдураҳимов бунёд гардида, аз 46 ҳуҷра иборат аст. Лоиҳаи биноро ҶДММ «Меъмор-М» таҳия намуда, корҳои сохтмониро ширкати  «Ободкор-2014» ба анҷом расонидаанд.

Дар маросими кушодашавии бинои мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Дар маркази савдо ва хизматрасоние, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, 9 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят баъди ифтитоҳи бинои мазкур бо лоиҳаҳои иншооти дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ бунёдшаванда шинос гардида, барои такмили лоиҳаҳо тавсияҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид карда, барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастии ҳунармандон ба масъулин супоришҳо дод.

Январь 20, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд