Ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода баред! Дар эстакадаҳои пойтахт 49 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидаанд
ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрвазифавӣ насб карда шудаанд. Ин идомаи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон аст, ки ҳангоми убури роҳ аз роҳҳои зеризаминӣ истифода мебаранд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Н. Махсум-Б. Ғафуров- 30 адад ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино 19 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд, ки маркази назорати он дар қисми навбатдории шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир ва нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шудааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои тамоми сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе мерасонад, ки ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода бурда, пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар нагузоранд.
Милитсияи пойтахт уҳдадор шудааст, ки ҷиҳати таъмини тартибот, махсусан ба низом овардани истифодаи роҳу нақлиёт ба таври ҳамешагӣ фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар ҳолати гашту гузор аз ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, пахш намудани гулу буттаҳо, сабзкориҳо ва вайрон намудани дигар қоидаҳои шаҳрдориву шаҳрнишинӣ қонунвайронкунандагонро дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намояд.








ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ АМНТАРИНИ ДУНЁ. Дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и «Gallup» Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд
Дар Хатлон оид ба пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият медиҳанд
БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ. Рақамикунонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кормандон бо бодикамераҳо ба нақша гирифта шудааст
Дар Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ кормандони ояндаи милитсияи тоҷик таҳсил мекунанд
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд






