Ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода баред! Дар эстакадаҳои пойтахт 49 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидаанд

Январь 12, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрвазифавӣ насб карда шудаанд. Ин идомаи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон аст, ки ҳангоми убури роҳ аз роҳҳои зеризаминӣ истифода мебаранд. Дар ин бора аз  маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Н. Махсум-Б. Ғафуров- 30 адад ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино 19 адад камераҳои  мушоҳидавӣ насб шудаанд, ки маркази назорати он дар қисми навбатдории шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир ва нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои тамоми сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе мерасонад, ки ҳангоми убури роҳ аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода бурда, пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар нагузоранд.

Милитсияи пойтахт уҳдадор шудааст, ки ҷиҳати таъмини тартибот, махсусан ба низом овардани истифодаи роҳу нақлиёт ба таври ҳамешагӣ фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар ҳолати гашту гузор аз ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, пахш намудани гулу буттаҳо, сабзкориҳо ва вайрон намудани дигар қоидаҳои шаҳрдориву шаҳрнишинӣ қонунвайронкунандагонро дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намояд.

Январь 12, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд