Аъзои гурӯҳҳои корӣ ва милитсияи Суғд қариб 9 млн. сомонӣ маблағи қарздории барқро ҷамъ оварданд

Январь 20, 2021 11:20

ХУҶАНД, 20.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ ва сафарбар намудани гурӯҳҳои корӣ ба корхонаву ташкилот ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд то имрӯз чанд ҳолати мавҷуд будани қарздорӣ ё истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъулини маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, 4 гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара аз 10 декабр то 8 январ аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  рӯёниданд.

Дар ин давра дар ноҳияи Мастчоҳ низ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда, зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд.

Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби 7 гурӯҳи корӣ қариб 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки он асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик», мусоидат намудан ба таъмини саросарии сокинони мамлакат бо неруи барқ, корбарии сарфакоронаву мақсаднок ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва инчунин пешгирии истифодаи нооқилонаву ғайриқонунии неруи барқ, ки метавонад иқтидори энергетикии мамлакатро ҳифз намояд, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ситодҳои корӣ ва гурӯҳҳои тарғиботӣ ташкил гардида, беш аз як моҳ инҷониб аз ҷониби ин гурӯҳҳо корҳои тарғиботӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар ин самт корбарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ назаррас мебошад.

Зикр гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ҳамарӯза таҳлилу ҷамъбаст ва барои натиҷабахшии фаъолияти минбаъда дастур дода шуда, имконияти самараноки кор бо муштариёни барқ ва аз ҳисоби қарздорон рӯёнидани маблағ мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои корӣ мебошад.

Январь 20, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат