Ба сокинони ноҳияи Ишкошим 3952 нусха китоби «Тоҷикон» тақдим гардид

Январь 15, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба сокинони ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3952 нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид. Сокинони ноҳия аз тақдими ин туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол гашта, сипосмандии самимона ва садоқати хешро ба Пешвои миллат баён доштанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, ҳадяи гаронбаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ва  гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат дар ҳайати намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дастрас гардид.

Гурӯҳи корӣ дар баробари тақсими китоби мазкур ба аёдати собиқадарони меҳнат Мамадсахӣ Азизхонов, Бибигулшод Мирҷонова, Бибӣ Давлатшоева, Мамнур Қурбоналиев, Бибиҳаво Шоҳдӯстмамадова, Зулайхо Тӯрдиева рафта, туҳфаи Пешвои миллат – китоби «Тоҷикон»-ро тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби аллома Бобоҷон Ғафуров-«Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ аз номи Сарвари давлат туҳфа намоянд.

Январь 15, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад