ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Далелҳои истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхонаи «Нафиса», воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 92/1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мутааллиқ ба Балаҷон Гадоев зимни гузаронидани чорабинии мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ошкор карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни санҷиш ошкор гардид, ки барои омода намудани маҳсулоти нонӣ аз тарафи Рустам ном корманди ошхона дар танӯр аз спирали баландшиддати барқӣ истифода карда мешуд. Ба замми масрафшавии барзиёди неруи барқ дар ошхонаи “Нафиса” ҳамчунин талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ риоя нагардида, дар аксар ҷойҳо танзими ноқилу симҳои барқӣ ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуданд.
Дар ҳолати ба амал омадани сӯхтор дар ошхонаи мазкур хавфи бевоситаи паҳншавии оташ ба бинои истиқоматии 4-ошёнаи дар шафаташ буда низ таҳдид мекунад. Илова бар ин, корманди ошхона Дилафрӯз Набиева барои омода намудани самбӯса аз спиралҳои баландшиддат ва лампаҳои тафсон озодона истифода мебурд. Дар нуқтаи омода намудани сихкабоби ошхона низ ҳолатҳои масрафшавии беҳудаи барқ ҷой дошта, хатҳои интиқоли барқ тавассути дарахтон бетартибона кашида шудаанд. Дар баробари қоидавайронкуниҳои ҷойдошта мудири ошхона, соҳибкор Балаҷон Гадоев аз ҳаққи истифодаи неруи барқ ба маблағи 4 467 сомонӣ аз давлат қарздор мебошад.
Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кормандони шабакаҳои барқ санадҳои дахлдор тартиб дода шуданд. Ҳамчунин нисбат ба соҳибкор ҷарима татбиқ карда шуда, интиқоли неруи барқ қатъ гардонида шуд.
Қобили зикр аст, ки пас аз муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дар фасли сармо кулли мардуми ҷумҳурӣ ба истифодаи сарфакоронаи он пардохта, кӯшиш менамоянд дар сарфакории неруи барқ саҳм гузоранд. Вале, мутаассифона, баъзе аз соҳибкорон дидаву дониста манфиатҳои худро аз манфиати давлату миллат боло дониста, бар хилофи он амал мекунанд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамин гуна чорабиниҳои мақсаднок доир намуда истодаанд.