Далелҳои истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхонаи «Нафиса» дар пойтахт ошкор гардиданд

Январь 5, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Далелҳои истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхонаи «Нафиса», воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 92/1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мутааллиқ ба Балаҷон Гадоев зимни гузаронидани   чорабинии мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ошкор карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷараёни санҷиш ошкор гардид, ки барои омода намудани маҳсулоти нонӣ аз тарафи Рустам ном корманди ошхона дар танӯр аз спирали баландшиддати барқӣ истифода карда мешуд. Ба замми масрафшавии барзиёди неруи барқ дар ошхонаи “Нафиса” ҳамчунин талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ риоя нагардида, дар аксар ҷойҳо танзими ноқилу симҳои барқӣ ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуданд.

Дар ҳолати ба амал омадани сӯхтор дар ошхонаи мазкур хавфи бевоситаи паҳншавии оташ ба бинои истиқоматии 4-ошёнаи дар шафаташ буда низ таҳдид мекунад. Илова бар ин, корманди ошхона Дилафрӯз Набиева барои омода намудани самбӯса аз спиралҳои баландшиддат ва лампаҳои тафсон озодона истифода мебурд. Дар нуқтаи омода намудани сихкабоби ошхона низ ҳолатҳои масрафшавии беҳудаи барқ ҷой дошта, хатҳои интиқоли барқ тавассути дарахтон бетартибона кашида шудаанд. Дар баробари қоидавайронкуниҳои ҷойдошта мудири ошхона, соҳибкор Балаҷон Гадоев аз ҳаққи истифодаи неруи барқ ба маблағи 4 467 сомонӣ аз давлат қарздор мебошад.

Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кормандони шабакаҳои барқ санадҳои дахлдор тартиб дода шуданд. Ҳамчунин нисбат ба соҳибкор ҷарима татбиқ карда шуда, интиқоли неруи барқ қатъ гардонида шуд.

Қобили зикр аст, ки пас аз муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дар фасли сармо кулли мардуми ҷумҳурӣ ба истифодаи сарфакоронаи он пардохта, кӯшиш менамоянд дар сарфакории неруи барқ саҳм гузоранд. Вале, мутаассифона, баъзе аз соҳибкорон дидаву дониста манфиатҳои худро аз манфиати давлату миллат боло дониста, бар хилофи он амал мекунанд.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамин гуна чорабиниҳои мақсаднок доир намуда истодаанд.

 

Январь 5, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд