Дар ҷаҳон зиёда аз 590 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар як шабонарӯз ошкор шудааст

Январь 28, 2021 13:57

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон дар як шабонарӯз беш аз 590 ҳазор афзуда, аз 101 миллион гузаштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоте, ки имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) интишор додааст.

То соати 10:00 (ба вақти Душанбе) -и 28 январ, ба СУТ дар бораи 101 438 000 ҳолати сироятёбӣ ва 2 184 216 ҳодисаи фавт маълумот ворид шудааст. Шумораи сироятёфтагон то 590 732 нафар, ҷонбохтагон то  16 852 нафар зиёд шудааст.

Аксарияти ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 26 166 201. Пас аз он Ҳиндустон (10 702 031), Бразилия (3 774 672), Россия (3 774 672), Британияи Кабир (3 715 054), Франсия (3 106 859), Испания (2 774 014), Италия (2 501 147), Туркия (2 449 839), Германия (2 179 679), Колумбия (2 055 305) ва Аргентина (1 896 053) қарор доранд.

                                                                АКС аз бойгонӣ

 

Январь 28, 2021 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон