Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ нақшаи фаъолият барои соли 2021 тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, .23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2020, нақшаи фаъолияти вазорат барои соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.
Аз рӯи мавзӯи якуми ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ ва аз рӯи мавзӯи дуюм муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода маърӯза карданд. Сипас ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат шунида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2021 тасдиқ шуда, аз ҷониби ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қабул гардиданд.
Дар ҷамъбасти кори ҳайати мушовара Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати тақвият додани низоми кор ва таҳкими фаъолияти дастгоҳи марказӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа супоришҳои мушаххас дод.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






