Дар ҳамлаи Толибон дар Кундуз шаш корманди мақомоти қудратӣ кушта шуданд

Январь 8, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилояти Кундузи Афғонистон, дирӯз (панҷшанбеи 7.01.2021) гуфт, ки шаби гузашта дар ҳамлаи “Толибон” ба пойгоҳи Чархи Об, воқеъ дар ноҳияи Хонободи ин вилоят чаҳор  сарбози артиш ва ду корманди полис ҳалок, ду нафар маҷрӯҳ шуданд, ва панҷ тан хизматчии низомиро онҳо бо худ бурдаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Ҳамзамон TOLOnews гузориш медиҳад, ки дар идомаи террорҳои ҳадафманд туфангдорони ношинос дар ду рӯйдоди ҷудогона дар Кобул як халабони неруҳои ҳавоӣ, як афсари баландпояи Раёсати муҳофизати роҳбарони олирутбаи кишвар ва  як шахси ғайринизомиро ҳадафи тир қарор доданд.

Хонаводаи қурбониёни ин ҳодисаҳо ҳукуматро дар таъмин накардани амнияти шаҳрвандон айбдор ва таҳқиқи ҷиддии ин ҳодисаҳоро тақозо мекунанд.

Аз ҷумла, хонаводаи Ораш Сир, афсари аршади Раёсати муҳофизати роҳбарони олирутбаи кишвар, гуфтааст, ки ӯро шоми чоршанбе (06.01.2021) дар назди хонааш дар Қалъаи Воҳид, ноҳияи 13-уми Кобул, афроди ношинос куштанд.

Шуайб, бародари Ораш гуфт: «Тамоми рӯз куштор, тамоми рӯз қатл ва қатл! Бародари ман як марди одӣ набуд, вай мансабдори баландпояи ҳукумат буд, дар Раёсати муҳофизати президент кор мекард».

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Тариқ Ориён изҳор дошт, ки «Толибон” дар мавҷи кушторҳои ҳадафманд «Толибон” ва Ҳоқонӣ, ки муовини ин гурӯҳ аст, даст доранд ва дар зери пӯшиши номи ДИИШ ин амалҳои террористиро анҷом медиҳанд».

То ҳол “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Январь 8, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест