Дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи таҷрибаи бойи собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди хизматӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 буданд. Ин нукта имрӯз зимни ҷаласаи васеи ин созмони ҷамъиятӣ, ки дар натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 натиҷагирӣ ва фазифаҳо барои соли 2021 муайян карда шуданд, зикр гардид.
Раиси Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саид Ҷӯрахонзода дар ҷаласа иброз дошт, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи душвор фаъолияти самарабахш намуда, дар таъмини сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани сулҳу суботи комил, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бор омад, саҳми сазовор гузоштаанд. Аз ин рӯ, имрӯз ба насли ҷавон омӯхтани таҷрибаи онҳо муҳим аст ва ҳамкории мақомот бо собиқадорон дар ин самт бояд тақвият бахшида шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки имӯз дар ин созмон 14521 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2435 нафар собиқадороне, ки 25 сол ва зиёда аз он хизмат намудаанд, 8480 нафар нафақагироне, ки аз 25 сол кам хизмат кардаанд ва 2 нафар иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 87 созмони ҷамъиятӣ дар раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД фаъолият мебаранд. Ин созмонҳо таваҷҷуҳи асосиро ба пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ, бахусус дар байни ҷавонон равона сохта, дар ҳамаи ҷамъомадҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок меварзанд.
Саид Ҷӯрахонзода зикр намуд, ки дар давоми соли 2020 бо иштироки аъзои Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ 110 мулоқоти судманд бо ҳайати шахсӣ анҷом дода шуда, дар радиову телевизион 23 баромад сурат гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 56 нафар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ аз дастгоҳи марказӣ дар арафаи солзодашон (60-70-80-90-солагӣ) кумакҳои пулӣ расонида шуд. Инчунин, дар ин давра ба собиқадорон, нафақагирон, беморон, маъюбон, оилаҳои бесаробонмонда, ҷамъ 5953 нафар кумакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаву қарорҳои марбута қабул гардиданд. Дар асоси ин нақшаву қарорҳо, аз ҷумла дар соли 2021 ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмуни «Беҳтарин созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ» дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.













80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






