Дар Душанбе ду нафар қиморбози «алик-малик» ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Январь 19, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда дар маконҳои баргузории қиморбозиҳо санҷишу корҳои фаврӣ амалӣ карда шуда, ду нафар қиморбозон дастгир ва ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, инҳо шаҳрвандон Юнусов Самандар Сафаралиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Кӯлоб, деҳаи Ҳакимобод ва Ҳамидов Хуршед Иброҳимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Фархор, деҳаи Иттифоқ мебошанд. Номбурдагон ҳангоми дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии ба истилоҳ «алик-малик» машғул шудан дастгир гардиданд.

Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки ин нафарон гарчанде қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбаташон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошанд ҳам, тарки ин амали ғайриқонунӣ накарда, баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меовардаанд.

Вобаста ба ин амал нисбат ба ин ду нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъйин карда шуд.

Ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик», ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, кирдори номатлуб ва амали ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Нафарони қиморбоз бо роҳи макру фиреб таваҷҷуҳи шаҳрвандону атрофиёнро ба худ ҷалб намуда, маблағҳои пулии онҳоро аз худ мекунанд.

Кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳолатҳо ба таври ҳамешагӣ санҷишу амалиёти мақсаднок доир намуда, нафарони қиморбозро дастгир ва ба ҷавогарӣ ҷалб менамоянд.

Январь 19, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд