Дар гулгашти меҳмонхонаи «Эҳсон»-и Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар майдони назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гулгашти ҳудуди меҳмонхонаи мазкур то таҷлили Наврӯзи байналмилалии 2021 ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳоло дар ин майдон беш аз 20 нафар сохтмончиёни ҶДММ «Хушофар» корҳои ободонӣ анҷом медиҳанд. Айни замон роҳрави ин мавзеъ бо ороиши хос сохта шуда, дар он беш аз 20 адад нишастгоҳ насб карда мешаванд.
Тибқи тавсияи мутахассисон, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда- ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.
Иқдоми мазкур дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонии «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ шудааст.








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






