Дар гулгашти меҳмонхонаи «Эҳсон»-и Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд

Январь 25, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар майдони назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гулгашти ҳудуди меҳмонхонаи мазкур  то  таҷлили Наврӯзи байналмилалии 2021 ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳоло дар ин майдон беш аз 20 нафар сохтмончиёни ҶДММ «Хушофар» корҳои ободонӣ анҷом медиҳанд.  Айни замон роҳрави ин мавзеъ бо ороиши хос сохта шуда, дар он беш аз 20 адад нишастгоҳ насб карда мешаванд.

Тибқи тавсияи мутахассисон, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда-  ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Иқдоми мазкур дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонии «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ шудааст.

Январь 25, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст