Дар Кобул дар як рӯз чаҳор ҳамлаи террористӣ рух дод

Январь 28, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/ Аз бомдоди 27.01.2021 дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон чаҳор таркиш рух додааст. Дар ин ҳодисаҳо ду нафар кушта ва ҳашт тани дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Таркиши чорум дар Кобул соати тақрибан 17 дар минтақаи Гулоии  дорухонаи Кобул рух дод.

Манбаъҳо мегӯянд, ки дар ин ҳодиса мошини беморхонаи солимии равонӣ  ҳадафи ҳамла  қарор гирифт ва се табиб маҷрӯҳ шуданд.

Таркиши аввал тахминан соати 8-и субҳ дар минтақаи Диспечерии  ноҳияи 15-уми Кобул рух дод. Дар ин ҳодиса ду корманди полис ва як ғайри низомӣ маҷрӯҳ шуданд.

Пас аз як соати таркиши аввал, таркиши дуввум низ дар ноҳияи 15 -уми Кобул рух дод ва мошини Идораи муҳофизати омма мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ин таркиш ду полис кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Таркиши сеюм тақрибан соати 15 дар чорроҳаи Ансорӣ дар шаҳри нави Кобул рух дод. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол Tolo News навиштааст, ки мувофиқи маълумоти Комиссияи мустақили ҳуқуқи инсон, кушторҳои мақсаднок дар кишвар 50 фоиз афзудаанд.

Афзоиши ҳамлаҳои террористӣ ва кушторҳои мақсаднок дар кишвар боиси зиёд шудани танқиди ҳукумат ва мақомоти амниятии Афғонистон  гардидааст.

Иштирокчиёни ҷаласаи дирӯзаи кумитаи роҳбарияти Шӯрои олии оштии миллӣ низ қисмате аз баромадҳои худро ба ин масъала бахшидаанд.

Аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии оштии миллӣ, шиддат гирифтани ҳодисаҳои террористӣ ва кушторҳои ҳадафнокро эътироф кард ва гуфт, ки ин вазъ ғайри қобили қабул аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба таҳқиқи қатлҳои ҳадафноки ахир дар Кобул ва вилоятҳо даъват кард: «Имрӯз бомбаҳо таркиданд. Бешубҳа қурбониҳо ҳастанд ва ин зиндагии мардуми Афғонистон аст».

Муҳаммад Муҳақиқ, роҳбари Ҳизби ваҳдати Исломии Афғонистон низ гуфт: «Рӯзе нест, ки дар Кобул таркиш ва куштор набошад. «Субҳи имрӯз, вақте ки мо ба ин нишаст меомадем, дар ғарби Кобул ду таркиш рух дод».

Муовини собиқи раисиҷумҳур Муҳаммад Юнус Қонунӣ ва маршал Абдулрашид Дӯстум, роҳбари Ҳаракати миллии исломии Афғонистон таъкид карданд, ки нақшаҳои амнияти кишвар, махсусан пойтахт ноком шуданд ва бояд бознигарӣ шаванд.

Юнус Қонунӣ гуфт: «Мардум аз вазъи бади амниятӣ хаста шудаанд ва маъмурони давлатӣ бояд роҳи наҷот аз ин вазъро пайдо кунанд. Масъулини ҳукумати мо бояд барои наҷоти ин сарзамин чорае пайдо кунанд”.

Январь 28, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид