Дар Кобул ду судяи зан дар ҳамлаи шахсони мусаллаҳ кушта шуданд

Январь 18, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 18.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи террорҳои мақсаднок дар Кобул рӯзи якшанбе ду судяи зан дар натиҷаи тирандозӣ кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс».

Бино ба иттилои манбаъ, Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин ҳодисаро маҳкум карда, онро «террористӣ ва хилофи таълимоти исломӣ» хондааст. «Ҳамлаи террористӣ аз сӯи гурӯҳи «Толибон» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ болои ҳамватанони беҳимояти мо ва хушунат дар баробари онон, мухолифи таълимоти исломӣ ва рӯҳияи сулҳ буда, дар тазод бо иҷтимои миллати Афғонистон мебошад», — тазакур додаст ӯ.

Президенти ҶИА ҳамчунин аз «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) хостааст, ки хушунатҳо дар кишварро коҳиш ва ба оташбаси доимӣ тан диҳанд.

Ӯ меафзояд, Ҳукумати Афғонистон як бори дигар бар «Толибон» мегӯянд, ки «зӯр, террор, ваҳшат ва ҷиноят роҳи ҳалли мушкил нест ва буҳрону ҷанги мавҷуд дар кишварро душвор ва тӯлонӣ месозад. Бинобар ин, бо пазируфтани оташбаси доимӣ, иродаи ростин ва амалии худро дар робита ба сулх нишон диҳед».

Дар ҳамин ҳол, Элисон Блейк, Сафири Британия дар Кобул низ ҳамлаи силоҳбадастони ношиносро бар занони судя маҳкум карда, хостори баррасии фаврии ин ҳодиса шудааст.

Аз сӯи дигар Қатар низ ин ҳамларо маҳкум кардааст. Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Қатар омадааст, ки ин кишвар мавқеи қатъномаашро бори дигар дар бораи «радди хушунат ва терроризм ба ҳар ангеза ва иллат» эълом мекунад.

То кунун ягон гурӯҳ, аз ҷумла «Толибон» масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтаанд.

Январь 18, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид