ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ. Кишоварзонро зарур аст, ки бо истифодаи самараноки замин гирифтани то се ҳосилро таъмин намоянд

Январь 30, 2021 10:33

ДУШАНБЕ,  30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Пегшӯии директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқа Дэвид Бисли дар ҷаласаи вижаи умумии СММ бахшида ба мубориза бо COVID-19 дар он хусус, ки соли 2021  ҷаҳон ба вазнинтарин буҳрони гуманитарӣ дар 75 соли охир  мувоҷеҳ хоҳад гардид, ҳанӯз соли 2012 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида буд. Вобаста ба ин  Сарвари давлат аз сокинони кишвар даъват карда буданд, ки барои 2 сол маводи ғизоӣ захира намоянд», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии илм ва тадбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ  Шамсиддин ТОЛИБЗОДА. Дар зер идомаи бардоштҳои мавсуфро аз Паёми имсолаи Пешвои миллат  манзури хонандагон мегардонем.

-Тавре ки Президенти мамлакат таъкид доштанд, «бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироати кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуда, таъсири манфии омилҳои зикршуда дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин ва дараҷаи  сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусбат нигоҳ дошта шуд».

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, дар ин давра 8,8  фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли кишоварзӣ мусоидат намуд.

Президенти мамлакат  дар Паёми навбатӣ зикр  намуданд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо омодагиро ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшем, яъне бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имконияти дохилии мамлакат такя карда, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем. Паёми навбатии Пешвои миллат  ба мо, кишоварзон илҳоми тоза бахшида, масъулияти моро беш аз пеш даҳчанд намуд. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат кор дар самти ҷудо намудани имтиёзи барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд. Тибқи таҳлилҳо, рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми се соли охир 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Махсусан, зиёд гардидани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ва афзудани истеҳсоли гӯшти паранда ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, 5,5 баробар зиёд шудааст.

Тамоми мардуми шарафманди тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми неки Пешвои миллат  нуфузу мавқеи соҳаи кишоварзӣ зина ба зина боло рафта, аз ҷумла моҳипарварӣ,   боғпарварӣ   ба соҳаҳои муҳим  табдилу таҳким ёфтанд. Масалан, имтиёзи барои рушди моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020 нисбат ба соли 2017  35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзуд. Зиёда аз 60 баробар коҳиш ёфтани воридоти гӯшт ва 3 баробар коҳиш ёфтани воридоти гӯшти паранда дар се соли охир натиҷаи имтиёз барои рушди соҳаҳои зикршуда мебошад.

Муҳтарам Пешвои миллат самтҳои кишоварзиро таҳлил намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд».

Фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худиро дар бозорҳои ҷумҳурӣ Пешвои муаззами миллат натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат ва заҳмати софдилонаи кишоварзон арзёбӣ намуданд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, истеҳсоли ғалладонагиҳо нисбат ба соли 1991 қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироати полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд гардидааст.

Маблағгузории лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаи дигари амалишаванда имконият фароҳам овард, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла майдони боғу токзори мамлакат зиёд шавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 112 ҳазор гектар токзори нав ташкил шуда, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад, минбаъд  бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта бунёди боғҳои интенсивӣ бояд таъмин карда шавад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки «дар робита ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар кишоварз ва ҳар оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд».

Дар қатори дигар имтиёзи кишоварзӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони ҷумҳуриро бениҳоят рӯҳбаланд намуд. Пешвои миллат дар суханрониашон ироа намуда гуфтанд, «пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд». Агарчанде маблағи солонаи он беш аз 200 млн. сомониро ташкил медиҳад, ин ҳам як дастгирии беғаразона, имтиёз ва муҳаббати самимии Пешвои миллат ба кишоварзони ҷумҳурӣ буд.

Ҳамзамон ба вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ супориш доданд, ки вобаста ба ин масъала чораҷӯи намоянд.

Вобаста ба ин таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконияти мавҷуда ҳадафи муҳимтарини кишоварзон ба ҳисоб рафта, моро вазифадор месозад, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатӣ иҷрои саривақтӣ ва босифати Дурнамои сохтори кишти зироати кишоварзиро тибқи нақшаи пешбинишуда таъмин намоем.

Бо итминон метавон гуфт, ки кишоварзони ҷумҳурӣ бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонанд иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми босазо гузоранд.

Январь 30, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Омодагӣ ба Конфронси тарафҳои СММ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ СОР 16 дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар корхонаи «Дион-ангишт-Тоҷикистон» таҷҳизоти нави ангиштканӣ насб мегардад
Неругоҳҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мебошанд
Дар Душанбе конфронси минтақавии коршиносон доир мегардад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахта ба 36 фоиз баробар гардид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатари Аввалин бонки молиявии хурд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии ҳифзи табиати Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Брюггеи Белгия иштирок намуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷетии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд
Намояндагони бахши иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор марҳилаи аввали татбиқи барномаи воситаҳои ҳамоҳангсозии сиёсатро баррасӣ намуданд
Дар Тоҷикистон дар 170 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад