IRS: Роҳи мошингарди Душанбе-Чанок кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва «Фура»-ҳо муваққатан маҳдуд мешавад

Январь 22, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ«Ховар»/. Шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чанок бориши барф беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид. Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати мошинҳои боркаши ядакдор ва «Фура»-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин кор барои эҷод нашудани монеа зимни ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад. Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки бидуни омодагие, ки ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд. Фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба-устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсус ба тозакунии роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.

Январь 22, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад