Камолиддин Худоймерганов ва Нозанин Ҷамшедзода Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни байналмилалии «Роза Востока»-ро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наврасони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд- Камолиддин Худоймерганов ва Нозанин Ҷамшедзода дар Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон «Роза Востока», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи онлайн баргузор гардид, соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд. Инчунин Зиёда Волидова ба гирифтани ҷои дуюм дар ин фестивал-озмун шарафёб шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Фестивал-озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакон ва ҷавонон «Роза Востока» моҳи декабри соли 2020 дар бахшҳои гуногун баргузор гардида, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Худоймерганов дар бахши навозандагӣ (дутор) аз гурӯҳҳои 14 — 17- солаҳо, Нозанин Ҷамшедзода ва Зиёда Волидова дар бахши рақс аз гурӯҳҳои 9 — 12-солаҳо миёни намояндагони 15 мамлакати дунё ширкат варзида, маҳорати баланди касбӣ намоиш доданд.
Ин наврасони соҳибистеъдод дар Фестивал-озмуни байналмилалии истеъдодҳои ҷавон «KGтай» дар Ҷумҳурии Қирғизистон, ки он ҳам тариқи онлайн баргузор гардид, иштирок намуданд. Камолиддин Худоймерганов соҳиби Шоҳҷоиза, Нозанин Ҷамшедзода ва Зиёда Волидова сазовори ҷойи аввал гардиданд.

ДАР АКС. Нозанин Ҷамшедзода ғолиби Фестивал-озмуни байналмилалии истеъдодҳои ҷавон «KGтай». Акс аз манбаъҳои дастрас.
Бояд гуфт, ки дар Фестивал-озмуни байналмилалии истеъдодҳои ҷавон «KGтай» ансамбли рақсии «Гулноз»-и назди Кохи фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ низ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






