Мошини сафорати Италия дар Кобул ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт

Январь 26, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Як манбаъ аз мақомоти амниятӣ изҳор дошт, ки дар натиҷаи таркиш як нафар маҷрӯҳ шуд ва мошини Вазорати иқтисод, ки аз ин мавзеъ мегузашт осеб дидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Кобул субҳи рӯзи душанбе, 25 январи соли 2021 шоҳиди як таркиши дигар шуд. Бино ба гуфтаи як манбаи амниятӣ, мошини кормандони афғони сафорати Италия дар Афғонистон дар минтақаи Парвони II-и ноҳияи чоруми шаҳри Кобул ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт.

Тибқи маълумоти полиси Кобул, таркиш талафоти ҷонӣ надоштааст, аммо хисороти молӣ ба бор овардааст.

Аммо манбаи дигари амниятӣ изҳор доштааст, ки дар натиҷаи таркиш як нафар маҷрӯҳ шуда, як мошини Вазорати иқтисод, ки аз ин маҳал мегузашт низ осеб дидааст.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мануъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.

Таҳлили иттилооти TOLOnews нишон додаст, ки дар муддати 100 рӯз пас аз он ки Амрулло Солеҳ, муовини аввали Президенти Афғонистон масъулияти амнияти шаҳри Кобулро ба зимма гирифтааст, дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ ва қатлҳои ҳадафманд 177 нафар кушта ва 360 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Январь 26, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид