Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ дар чаҳорчӯби сафари кории худ ба минтақаи Қасими Подшоҳӣ бо Амири минтақаи мазкур шоҳзода Файсал ибни Мишъал Оли Сауд мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо истифодаи зарфияти ду кишварро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ салоҳ донистанд.
Ҳангоми сафари корӣ инчунин мулоқотҳои Сафир бо Раиси Палатаи тиҷорат ва саноати минтақаи Қасим Муҳаммад Ал-Ҳаная ва Раиси Кумитаи рушди иқтисод ва сармоягузории минтақа доктор Юсуф Ал-Орайнӣ доир гардиданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






