Олимон дар мавриди монеаи табиии коронавирус ҳикоят карданд
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳормони мелатонин, ки дар шуши инсон коркард мешавад, метавонад ҳамчун монеа алайҳи сирояти коронавирус амал кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Известия» хабар медиҳад, дар ин бора натиҷаи таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Сан-Паулуи Бразилия, ки дар маҷаллаи Melatonin Research нашр шудааст, шаҳодат медиҳад.
Муҳаққиқон қобилияти мелатонинро барои муқовимат бо тундии генҳои масъули кодкунии сафедаҳо дар нуқтаҳои вурудии вирус — ҳуҷайраҳои алвеолаҳои бинӣ ва шуш ва эпителияҳо ошкор кардаанд. Бо туфайли ин хусусият, гормон раванди сироятёбии ин бофтаҳоро манъ мекунад. Вирус тавсеа наёфта, чанд рӯз дар роҳҳои нафаскашӣ мемонад ва сипас барои ёфтани ҳомили дигар меравад.
Муаллифони таҳқиқот тахмин мекунанд, ки маҳз ҳамин тамоюл имкон медиҳад бифаҳмем, ки чаро баъзе одамон ҳангоми тамос бо ҳомилони SARS-CoV-2 сироят намеёбанд, дигарон бошанд онро бидуни нишона мегузаронанд, ҳатто дар сурати мавҷуд будани озмоиши мусбати ПТСР-тест. Олимон инчунин тахмин мекунанд, ки спрейҳо ва доруҳои дорои мелатонин, ки дар бинӣ чаконида мешаванд, метавонанд монеи роҳи бад шудани саломатии беморон шаванд.
Илова бар ин, олимон боварӣ доранд, ки чунин механизми амалкарди мелатонини шуш бояд дар муқобили дигар бемориҳои вирусии роҳҳои нафаскашӣ, аз ҷумла зуком низ муассир бошад.
Таҳқиқоти қаблӣ нишон додааст, ки мелатонине, ки дар шуш коркард мешавад, нуқтаҳои вурудии заррачаҳои сахтро аз ҳавои ифлос тағйир медиҳад ва нуфузи онҳоро ба бадан суст мекунад. Бидуни аксуламали гормон, заррачаҳои ҳангоми нафаскашӣ ба бинӣ дохилшуда метавонанд ҳатто ба мағзи сар бирасанд. Дар таҳқиқоти кунунӣ таҷрибаи монанд ба коронавирус низ гузаронида шудааст.
Олимон намунаҳои шушҳои одамони солимро омӯхта, муайян карданд, ки дараҷаи истеҳсоли мелатонин ба сатҳи тундии генҳо, ки вуруди вирусро ба организм назорат мекунанд, робитаи мустақим дорад. Дар ҳолатҳое, ки индекси мелатонин баланд бошад, гормон нуқтаҳои вуруди SARS-CoV-2-ро ба шуш мебандад.
Моҳи ноябр иммунолог-аллерголог Владимир Болибок гуфта буд, ки бо он сабаб мардон сирояти коронавирусро вазнинтар мегузаронанд, ки ин ба таъсири гормонҳои ҷинсӣ ва хусусияти фаъолияти системаи эминии бадани онҳо вобастагӣ дорад. Тибқи гуфтаи ӯ, гормонҳои ҷинсии занона — эстрогенҳо ба воридшавии антителаҳо ба ҳуҷайраҳо мусоидат мекунанд. Гузашта аз ин, гормонҳои мардонаи тестостерон чунин хосият надоранд.
АКСИ: РИА «Новости»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






