ПАЁМ – РАҲНАМОИ АҲЛИ ИЛМУ МАОРИФ. Изҳори нигаронии Пешвои миллат аз дараҷа ва сатҳи саводи баъзе омӯзгорони соҳа дар шароити кунунӣ хеле бамаврид аст

Январь 30, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ«Ховар»/. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли равон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соли аввали «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ҷиҳати боз ҳам тақвият додани роҳҳои  амалкарди ин барномаҳои муҳим шеваву василаҳои бисёр матлуб ва муҳимро барои ҷомеа, хосса аҳли илму маориф манзур намуданд. Ин ҷо изҳори нигаронии Пешвои миллат аз дараҷа ва сатҳи саводи баъзе аз омӯзгорони соҳа дар шароити кунунӣ хеле бамаврид аст ва бегумон афзудани шумораи донишҷӯёни бахши илмҳои дақиқ чӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он метавонад дар навбати аввал сафи омӯзгорони ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳониро биафзояд. Маҳак ва меёъри муҳиму барҷастаи ҳадафрас гардидани барномаи мазкур, пеш аз ҳама, иҷрои ҳамин гуна тадбирҳоро тақозо мекунад.

Чунин изҳори назар намудаанд ду нафар корманди соҳаи маорифи мамлакат-сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Носир САЙДАЛИЗОДА ва сармутахассиси раёсати илм ва  инноватсияи  ҳамин вазорат, номзади илмҳои филологӣ Обидҷон МАҲМУДЗОДА  зимни як нигориши худ дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки имрӯз ба АМИТ “Ховар”  расид. Матни он дар зер пешниҳод мешавад.

Соли 2021 дар таърихи халқи  тоҷик ва миллати мо бинобар таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихӣ хоҳад буд. Дар оғози ин соли хуҷастаи миллӣ манзур гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди  муҳиме дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад, ки раванди рушди кишварро дар соли сипаришуда натиҷагирӣ ва барномаи пешбурди соҳаҳои мухталифи онро барои имсол мушаххас менамояд.

Пӯшида нест, ки омили асосии пешрафти ҳар ҷомеа дар ҳама давру замон соҳаи илму маориф ба шумор меравад. Миллати бомаърифат ҳамеша хостори рушду боландагии ватанаш буда, дар ин зимн насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф  ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар Паёми имсола низ мушоҳида гардид.

Аҳли илму маорифи кишвар аз он саодатманданд, ки дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ намуданд.

Дар навбати аввал, таҳлили амиқи вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва бар ин асос пешниҳоди афзун гардонидани шумораи донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат, хосса дар риштаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барномаи муҳим ва мушаххас барои тайёр намудани мутахассисони соҳа ва аз ин роҳ мусоидат намудан ба иҷрои Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат тавассути таҳлили амиқ муқаррар намуданд, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон «дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст».

Ин ғамхорӣ ва дастгирии шоиста аз соҳаи маориф ва илми мамлакат дар назди ҳар яки мо, кормандони соҳа, хосса омӯзгорону устодон вазифаҳои мушаххас мегузорад, то бо масъулиятшиносии баланд барои боло бурдани сифати таҳсилот талош варзем. Пешвои миллат ин масъулият ва вазифаи бузургро дар назди омӯзгорон гузошта, таъкид доштанд, ки «мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».

Пешниҳоди дигари бисёр муҳими Пешвои миллат, ки он ҳам дар асл як шеваи муассир барои расидан ба ҳадафҳои ин барномаи бузурги бистсолаи давлатӣ ба шумор меравад, эълони озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад, ки дар баробари озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои хонандагону донишҷӯён ва устодони риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад. Дар навбати аввал, таҳлили амиқ ва саривақтии натиҷаҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нишон дод, ки новобаста ба мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, ки ба он аз ҷониби худи Пешвои миллат ҳам ишорат шуд, давоми ду сол таъсири  муассире барои ба китоб рӯ овардани намояндагони табақаҳои  мухталифи ҷомеа, хосса ҷавонону наврасон ва ҳатто кӯдакону калонсолон расонид. Ин матлаб баёнгари он аст, ки дар заминаи татбиқи амалии ҳадафҳои ин озмун таҳти раҳнамоии Пешвои миллат мардуми тоҷик бори дигар суннатҳои деринаи фарҳанги китобдориву китобхонии ниёгони хешро эҳё намуданд, зеро ба ифодаи Пешвои миллат, «тоҷикон яке аз миллатҳои қадимии дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд».

Дар ин амр пешниҳоди саривақтии бидуни имтиҳон дохил шудани ғолибони ҷойҳои ифтихории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳавасмандсозии падару модари онҳо воқеан тадбири барҷастаи омӯзандаест, ки пеш аз ҳама, барои такмили хирадгароӣ, ахлоқи ҷомеа ва татбиқи матлуби нуктаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» мусоидат менамояд.

Ин самараҳои бисёр муассир дар ташаккули маънавиёти ҷомеа моро умедвор мекунанд, ки баргузории озмуни нав низ метавонад чеҳраҳои тозаеро дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ кашф намуда, пеш аз ҳама, барои ҷалби бештари хонандагон ва донишҷӯён ба ин илмҳо ва омили муҳиме дар иҷрои ҳадафҳои барномаи бистсола гардад. Дар ин самт Пешвои миллат бо изҳори боварӣ ва умедвориҳои зиёд аз баргузории ин озмун таъкид доштанд: «Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».

Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ, ки барои пешрафти илму маориф, тарбияи олимони ҷавон ва муҳаққиқони тозаназар мусоидат менамояд, ин зиёд кардани стипендияи донишҷӯён, магистрантон ва докторантон мебошад. Ин ҳадафи наҷибу созанда омили он мегардад, ки донишҷӯён, хосатан магистрантону докторантон дар самти таҳқиқу пажӯҳиши самтҳои муҳими илм, хосса дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ боз ҳам ҷаҳду талоши бештар намоянд. Ҷалби ҷавонон ба иҷрои таҳқиқоти илмӣ дар ин бахшҳо барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат низ муҳим аст, чун самара ва натиҷаҳои илмии онҳо дар сурати мавриди татбиқ қарор гирифтан пешрафтҳои назаррасе дар соҳаҳои гуногун, чун иқтисодиёт, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, технологияи кишоварзӣ, истеҳсоли неруи барқ, соҳаи энергетика ба бор оварда, дар умум ба раванди расидан ба чаҳор ҳадафи стратегии мамлакат, хосатан саноатикунонӣ, ки ба наздикӣ эълон гардид, мусоидат менамоянд. Таъсиси ҷоизаи махсус дар риштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар қатори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон метавонад як тадбири муҳим ва шоиста дар роҳи боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби бештари ҷавонони соҳибхирад ба самти пажӯҳишҳои бунёдӣ дар риштаҳои илмҳои мазкур омил гардад.

Дар маҷмӯъ, ин дастуру ҳидоятҳо, хоссатан барномарезиҳое, ки ба пешрафти соҳаи маориф ва илми мамлакат равона шудаанд, мо, кормандони соҳаҳои маориф ва илми мамлакатро вазифадор менамоянд, ки давоми соли равон дар амри иҷрои ин ҳама раҳнамоиҳои фардосоз ва равшангари соҳа масъулиятшиносӣ зоҳир намоем ва чунонки Сарвари давлат таъкид намуданд, ташаббускор бошем, то саҳми арзандаи хешро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ гузорем.

Мо ҳамагон огаҳем, ки Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи хеш соҳаи маориф ва илмро дар мақоми аввал гузоштаанд. Ин тадбири барҷастаи сиёсӣ ва маърифатӣ, ки ба хотири таъмини имрӯзу фардои дурахшони наслҳо равона шудааст, бояд дар баробари ифтихори бузурги кормандони соҳа будан ҳидоятгари ҳар яки мо дар самти эҷоди корномаҳои созандаи фикриву ақлонӣ, иҷрои бошарафонаи касби омӯзгории хеш, тарбияи насли созандаву ободкор, мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири таҳсилот барои ояндаи Тоҷикистони озоду обод бошад. Ба таъбири Пешвои миллат, имрӯз мебояд инсонҳоеро тарбия намоем, ки дар ин марҳилаи нави таърихӣ ҳамеша дар фикри ҳифзи ду гавҳари ноёб-истиқлол ва озодии миллати тоҷик бошанд.

Январь 30, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»