Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Январь 12, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Садир Нургожоевич,

Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон табрик мегӯям.

Натиҷаҳои ибрози раъйи мардуми Қирғизистон далели ҷонибдории васеи ҷомеа аз роҳи интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими суботу ризоият дар кишвар ва рушди устувору шукуфоии он нигаронда шудааст.

Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон комёбиҳо, ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳу субот ва пешрафти беш аз пеш орзумандам».

Январь 12, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд