ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Эл-Нинё ва Ла-Ниня рӯйдодҳои табиии иқлимии миқёси калон буда, дар доираи васеи тағйирёбии антропогении иқлим рух медиҳанд. Онҳо боиси афзоиши дарозмуддати ҳарорати ҷаҳонӣ гашта, ҳодисаҳои тағйирёбии экстремалии обу ҳаво ва иқлимиро шадидтар менамоянд ва ба бориши мавсимӣ ва реҷаҳои ҳарорат таъсир мерасонанд.
— Эл-Нинё ва Ла-Ниня ҳодисаҳои табиие мебошанд, ки дар минтақаҳои обии Уқёнуси Ором пайдо шуда, ба вазъи обу ҳаво дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд.
Эл-Нинё бо гармшавии ғайримуқаррарии обҳои уқёнус дар қисмати марказӣ ва шарқии Уқёнуси Ором ва ҳамтои он Ла-Ниня бо сардшавии ғайримуқаррарии ҳамин обҳо тавсиф мешавад.
Гарчанде Эл-Нинё ва Ла-Ниня дар Уқёнуси Ором ба вуҷуд меоянд, таъсири онҳо ба тамоми ҷаҳон мерасад. Тағйир ёфтани ҳарорати оби уқёнус ҳаракати бодҳо ва ҳаворо дигар карда, метавонад дар бисёр кишварҳо боиси тағйироти ғайричашмдошти обу ҳаво гардад.
Табиати номунтазами Эл-Нинё ва Ла-Ниня маънои онро дорад, ки онҳо даврӣ набуда, давомнокии возеҳ надоранд. Баъзан онҳо ҳатто сабт намешаванд, аммо бо вуҷуди ин, шинохти гармшавӣ бар асари Эл-Нинё ва сардшавӣ тавассути Ла-Ниня барои пешгӯӣ ва дарки доираи васеи таъсири метеорологии онҳо ниҳоят дараҷа муҳим аст.
Нишонаҳои муайянкунандаи ин ду ҳолат аз се хусусияти асосии онҳо вобаста мебошанд: давомнокӣ, шиддат ва санаҳои анъанавии оғоз.
Дар расми дар поён овардашуда намунаи пайдоиш ва тақвияти ҳодисаҳои табиии Эл-Нинё ва Ла-Ниня оварда шудааст ва мо мухтасар дар тавсифи равандҳои асосии онҳоро ҳамроҳикунанда маълумот медиҳем.
Ҷараёни ҳавои қутбии болоӣ–ҷараёни тунук ва қавии ҳаво буда, (суръати шамол аксар вақт аз 100-150 км/соат зиёд баъзан то ба 500 км/соат мерасад). Ин ҷараён Заминро дар тропосфераи болоӣ (баландиҳои 7–12 км) байни арзҳои мӯътадил ва баланди ҳарду нимкураи Замин иҳота мекунад.
Минтақаи фишори баланди атмосфера (ё антисиклон) — минтақаи атмосферӣ буда, дар он ҳаво ба самти замин поён мефарояд ва аз марказ ба тарафҳо дур мешавад. Дар ин минтақа ҳавои соф, бебод ва хушк, бо ҳарорати муътадил ба вуҷуд меояд: дар тобистон–гарму офтобӣ ва дар зимистон–сармо.

Ҷараёни ивазшавандаи ҳавои болои Уқёнуси Ором–ҷараёни пурқувват ва тунуки шамоли сахт, ки Заминро дар қабатҳои болоии тропосфера, дар баландиҳои 9–16 километр мисли дарёи печида иҳота карда, суръати он 100–700 километр/соатро ташкил менамояд ва аз ғарб ба шарқ ҳаракат мекунад.
Минтақаи ҳавои хушк–фазое, ки намии нисбии ҳаво аз 40% пасттар фаромада, боиси хушкшавии пардаи луобии роҳҳои нафас, пастшавии масуният ва сироятёбӣ мегардад.
Минтақаи ҳавои намнок–минтақаи иқлимӣ ё маконест, ки дар он намнокии нисбӣ аз 70–85% зиёд буда, камарбанди экваторӣ ва арзҳои қутбиро дар бар мегирад.
Ҷараёни васеи ҳавои боло ва барандаи тӯфонҳои шадид дар Уқёнуси Ором–он як «дарёи пуриқтидори ҳаво» дар тропосфераи болои Уқёнуси Ором буда, ҳангоми марҳилаҳои муайяни иқлимӣ (хусусан дар давраи Эл-Нинёи қавӣ) қариб ба масофаи ҳазорҳо километр аз Осиёи Шарқӣ то Амрикои Шимолӣ тӯл мекашад. Ин ҷараён мисли тасмаи бузурги конвейер амал намуда, пайваста сиклонҳо ва тӯфонҳои пуриқтидорро тавлид, тақвият ва равона мекунад.
Ҳодисаҳои Эл-Нинё ва Ла-Ниня метавонанд ба ҳисоби миёна аз якчанд моҳ то ду сол давом кунанд. Оғози ин ҳодисаҳо аз рӯи назму тартиби табиӣ, вале пешгӯинашаванда амалӣ шуда, Эл-Нинё одатан дар охири баҳори аврупоӣ дар нимкураи ҷанубӣ оғоз мешавад. Ла-Ниня, ки аксар вақт баъди Эл-Нинё меояд, одатан дар тирамоҳи аврупоӣ рух медиҳад. Ин гуна назми гармшавӣ ва хунукшавӣ ба шароити мавсимии обу ҳаво, сар карда аз афзудани бориш то хушксолиҳои тӯлонӣ таъсир мерасонад.
Нақши ҳодисаҳои Эл-Нинё ва Ла-Ниня дар динамикаи Уқёнуси Ором ва атмосфераи Замин басе муҳим мебошад, бахусус тавассути таъсири мутақобили бодҳои тропикӣ (пасатҳо), тағйирёбии ба боло баромадани қабатҳои чуқур, хунук ва бо моддаҳои ғизонокҳои оби уқёнус ва баҳрҳо.
Пасатҳо (шамолҳои доимии солона дар арзҳои тропикӣ, ки аз минтақаҳои фишори баланди субтропикӣ ба самти экватор мевазанд) одатан дар саросари қисмати тропикии Уқёнуси Ором ба самти ғарб мевазанд ва обҳои гарми сатҳиро дар ғарб ҷамъ намуда, ба обҳои хунуктар имкон медиҳанд, ки дар наздикии Амрикои Ҷанубӣ боло бароянд.
Ҳангоми Эл-Нинё шамолҳо суст шуда, ҳатто метавонанд самти худро иваз кунанд. Дар ин ҳолат болоравӣ кам шуда, қабати на он қадар чуқури обро ба вуҷуд меорад, ки дар он бо афзоиши чуқурӣ ҳарорат якбора тағйир ёфта, боиси гармшавии фарохи қисмати марказӣ ва экваториалии Уқёнуси Ором мегардад.
Ин гуна тағйирот дар тақсимоти гармӣ гардиши Уокерро ( гардиши Уокер –ҳаракати доимии ҳаво аз шарқ ба ғарб ва бозгашти он дар болои уқёнуси Ором мебошад, ки ба бориш, шамол ва иқлими бисёр кишварҳо таъсир мерасонад) халалдор намуда, дар ин ҳангом ҳаво одатан дар қисмати ғарбии гарм боло ва дар қисмати шарқии сардтар поин рафта, бад-ин васила ба системаҳои обу ҳаво дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонад. Ҳангоми ин гуна тағйирот аксар вақт обу ҳаво метавонад баръакси меъёрҳои иқлимӣ дигар шуда, минтақаҳое, ки одатан бо иқлими гарму намнок тавсиф мешаванд, ба монанди Индонезия метавонанд хушксолии шадидро аз сар гузаронанд, дар ҳоле ки дар биёбони хеле хушки Атакама дар Чили боронгариҳо сар мешаванд.
Таъсири мутақобили мураккаби байни уқёнус ва атмосфера ҳангоми рӯйдодҳои Эл-Нинё ва Ла-Ниня ба обу ҳавои маҳаллӣ таъсир расонида, силсилаи таъсирҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки метавонанд ба вазъи обу ҳавои ҷаҳонӣ таъсир расонанд. Ба ин гуна тағйирот дигаргуниҳо дар ҷараёнҳои фаврӣ, тағйирот дар траекторияи ҳаракати тӯфонҳо ва тақсими гармию бориш дар саросари сайёра мисол шуда метавонанд.
Ҳамин тавр омӯзиши ин ду ҳодиса барои пешгӯии обу ҳаво ва дарки оқибатҳои васеътар барои экосистемаҳо, кишоварзӣ, захираҳои обӣ ва инсоният муҳим аст.
Зеро гармшавии Уқёнуси Ором ҳангоми ҳодисаи Эл-Нинё метавонад дар баъзе минтақаҳо боиси афзоиши бориш гашта, дар дигар минтақаҳо хушксолӣ орад. Аз нигоҳи кишоварзӣ ин метавонад дар минтақаҳои фарорасии хушксолӣ ба коҳиши ҳосили зироат ва дар ҳолати бориши аз ҳад зиёд ва обхезиҳо метавонад боиси харобшавии ҳосили зироати кишоварзӣ дар минтақаҳои таърихан бебориш гардад.
Бориши зиёд инчунин метавонад дар минтақаҳои кӯҳӣ боиси фаромадани сел, ярч ва ба амал омадани обхезӣ гардад. Инчунин ба саноати моҳидорӣ низ таъсир мерасонад, зеро обҳои гарм занҷирҳои ғизоӣ ва муҳити зисти бошандагони баҳриро халалдор намуда, аксар вақт ба муҳоҷирати намудҳо ва бад шудани сайди онҳо оварда мерасонанд.
Баръакси ин ҳодисаи Ла-Ниня одатан шиддат ва зудии боришро дар минтақаҳои нисбатан намнок зиёд намуда, на танҳо метавонад ба инкишофи зироат фоида расонад, балки инчунин метавонад боиси обхезиҳои харобиовар гашта, зироат ва инфрасохторро хароб намояд. Дар саноати моҳидорӣ, обҳои хунуки марбут ба Ла-Ниня метавонанд дар баъзе минтақаҳо боиси фаровонии моҳӣ шаванд, зеро ҳангоми он оби хунук ва бой аз маводи ғизоӣ ба сатҳи об мебарояд.
Таъсири иқтисодии ин ҳодисаҳои иқлимӣ назаррас буда, онҳо метавонанд ба ноустувории нархи молҳо ва талаботи энергетикӣ таъсир расонанд. Номуайянӣ ва хатарҳои марбут ба ҳодисаҳои Эл-Нинё ва Ла-Ниня нишон медиҳанд, ки муассисаҳои калони тиҷоратӣ бояд ба пешгӯиҳои дақиқи иқлимӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Тавре Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ Селеста Сауло таъкид кардааст, пешгӯиҳои мавсимии Эл-Нинё ва Ла-Ниня имконият медиҳанд аз миллионҳо доллар талафоти иқтисодӣ пешгирӣ карда шавад. Ин барои бахшҳои ҳассос ба иқлим воситаи муҳими банақшагирии соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика ва идоракунии об мебошанд. Ин пешгӯиҳо инчунин қисми калидии маълумоти иқлимии Созмони умумиҷаҳонии метеорологиро барои дастгирии амалиёти башардӯстона ва идоракунии таҳдиди хатари офатҳо ташкил дода, ҷонҳои зиёдро наҷот медиҳанд.
Чораҳои пешгирикунанда бар зидди ҳодисаҳои Эл-Нинё (гармшавии ғайримуқаррарӣ) ва Ла-Ниня (сардшавии ғайримуқаррарӣ) ба табдил додани пешгӯиҳо ба амалҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирии буҳронҳои бузурги иқлимӣ мусоидат мекунанд.
Чораҳои асосии пешгирикунанда ин:
–огоҳкунонии барвақтӣ ва таҳлил–истифодаи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ барои пайгирии аномалияҳои ҳарорат ва пешниҳоди огоҳиҳои саривақтӣ ба аҳолӣ;
–кишоварзии устувор–гузариш ба истифодаи зироати ба хушксолӣ тобовар, ҷорӣ намудани обёрии қатрагӣ ва ташкили захираҳои эҳтиётии хӯроки чорво;
–идоракунии захираҳои обӣ–сохтмон ва тоза кардани системаҳои заҳкашӣ, ташкили системаҳои ҷамъоварии оби борон ва мустаҳкамкунии соҳилҳо;
–тадбирҳо барои нигоҳдории саломатӣ–таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ барои пешгирии касалиҳои сироятии меъдаю рӯда ва гузаронидани маъракаҳо бар зидди таъсири гармо;
–омодакунонии инфрасохтор–назорати биноҳо барои мустаҳкамии бомҳо, омода намудани маҷмуаҳои садамавии ёрии таъҷилӣ мебошанд.
Алишо ШОМАҲМАДОВ,
Маҳмад САФАРОВ,
кормандони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз муаллифон








Дар шаҳри Бӯстон Озмоишгоҳи муосири радиоэкология ва муҳити зист ба истифода дода шуд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН: аз фарҳанги сулҳ то амнияти наслҳои оянда
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
АҲАМИЯТИ ГЕОСТРАТЕГИИ ҚАТЪНОМАИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА». Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Олимони тоҷик дар Минск дар Конгресси байналмилалӣ оид ба биология ва экология иштирок доранд
35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Дар ҳавзаи дарёи Сир корҳои саҳроӣ ва экспедитсионӣ анҷом дода шуданд






