Путин ба ҳукумат супориш дод, ки масъалаи ҷалби содаи муҳоҷиронро, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина ба сохтмонҳои Россия баррасӣ кунад

Январь 19, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президент Владимир Путин ба ҳукумат супориш дод, ки масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро  ба сохтмонҳои Россия баррасӣ кунад. Ин санад 18 январ дар вебсайти Кремл нашр шудааст. Муҳлати иҷро — 1 марти соли 2021 муқаррар шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ҳукумати ФР дар якҷоягӣ бо Комиссияи Шӯрои давлатии ФР дар самти «Сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити шаҳр» бо назардошти дастурҳои қаблан додашуда … масъалаи муқаррар намудани тартиби содаи ҷалби коргаронро, ки шаҳрванди ФР намебошанд, аз ҷумла аз кишварҳои алоҳидаи аъзои ИДМ ба корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ бо риояи  талаботи санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавируси COVID-19 баррасӣ намояд», — омадааст дар ин санад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати сохтмон, манзил ва коммуналии Россия пешниҳодҳоро дар мавриди вуруди содаи муҳоҷирони корӣ ба Россия барои кор дар сохтмонҳо омода карда буд. АМИТ “Ховар” 16 декабри соли 2020 бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии ФР хабар дода буд, ки пешниҳодҳо бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва Роспотребнадзор мувофиқа ва ба баррасии Ҳукумати Федератсияи Россия фиристода шудаанд.

Тавре ки Вазорати сохтмон охири соли гузашта ба ТАСС шарҳ дода буд, то 1 декабри соли 2020 аз 77 минтақаи кишвар дар 50 минтақа норасоии муҳоҷирон дар сохтмонҳо ба назар мерасад. Дар маҷмӯъ, ниёз ба неруи корӣ дар соҳаи сохтмон беш аз 190 ҳазор нафар тахмин зада мешавад, менависад вебсайти «Кор дар Россия». Пеш аз ҳама, мутахассисони соҳаҳои сохтмон аз кишварҳои ҳамсоя: Ӯзбекистон, Украина ва Тоҷикистон намерасанд.

Дар идора дар қатори сабабҳои камбуди қувваи корӣ дар сохтмонҳо манъи вуруди коргарони хориҷиро ба Россия номбар мекунад. Инчунин гузариши муҳоҷирон аз кор дар сохтмонҳо, ки баҳори соли 2020 мутаваққуф шуданд, ба соҳаи истеҳсолот низ таъсир расонид ва бинобар ин дар давраи худмаҳдудкунӣ ҷойҳои холии корӣ дар истеҳсолот зуд пур карда шуданд. «Дар айни замон, сарфи назар аз афзоиши бекорӣ ва ихтисори кормандон, шаҳрвандони Россия розӣ нестанд, ки дар вазифаҳое, ки қаблан муҳоҷирон ишғол карда буданд, кор кунанд, чунки аксари онҳо ба ҷойҳои бонуфузтар афзалият медиҳанд», — илова кардааст хадамоти матбуот.

Вазорат хотиррасон кард, ки манъи вуруд ба Россия ба мутахассисони баландихтисос ва шаҳрвандони Беларус — кормандони ширкатҳои маҳаллӣ, ки дар таъмини раванди истеҳсолӣ дар иншооти саноатии Россия иштирок мекунанд, дахл надорад.

Тоҷикистон дастгирӣ кард

Тоҷикистон пешниҳоди Вазорати сохтмони ФР-ро дар бораи сода кардани вуруди муҳоҷирон — сохтмончиён дастгирӣ мекунад, гуфт ба РИА Новости Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов.

«Ҳама аз баста будани марзҳо азият мекашанд. Зарур аст, ки дар шароити пандемия роҳҳои ғайристандартӣ, фавқулодаи ҳалли масъалаҳо пайдо карда шаванд, зеро ин раванд метавонад тӯлонӣ бошад. Пешниҳоди Вазорати сохтмони Россия дар мавриди он ки ширкатҳои ниёзманди муҳоҷирони меҳнатӣ масъулияти таъмини кор, манзил ва овардани муҳоҷирони кориро аз  кишварҳои мо ба дӯши худ бигиранд — ин яке аз чунин қарорҳо мебошад», — гуфт Сатторов.

Ба ҳамин тартиб ҳаллу фасли нуқта ба нуқтаи ин масъалаҳо имконпазир аст.

Вай хотиррасон кард, ки «дар 20-30 соли охир иқтисоди Россия бо ҷалби шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекард ва ҳеҷ гоҳ чунин нашуда буд, ки марзҳо баста шуда бошанд ва одамон ба он ворид шуда натавонанд».

«Ҳоло ин пандемия нишон дод, ки новобаста аз он ки чӣ мегӯянд, иқтисоди Россия бидуни ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз дигар кишварҳо кор карда наметавонад. Дар солҳои охир иқтисоди Россия дар ҳоли рушд аст ва бидуни захираҳои меҳнатӣ ба даст овардани ин ғайриимкон аст», — гуфт ӯ.

АКСҲО аз бойгонӣ

Январь 19, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. «Ангишти Камароб» муассисаҳои буҷетии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд
Намояндагони бахши иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор марҳилаи аввали татбиқи барномаи воситаҳои ҳамоҳангсозии сиёсатро баррасӣ намуданд
Дар Тоҷикистон дар 170 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои сари вақт таҳия намудани лоиҳаи Дурнамои нишоҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тадбирҳои зарурӣ меандешад
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона»-и Ашт зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон доир гардид
Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд