РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ба зодрӯзи яке аз ходимони давлатӣ Алишер Ёрбобоев 70 сол пур шуд

Январь 6, 2021 16:44

ДУШАНБЕ, 06.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 7 январи соли 2021 ба зодрӯзи яке аз ходимони давлатӣ, дорандаи унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон Алишер Ёрбобоев 70 сол пур мешавад. Яке аз иқдоми муфиду муассири ин шахс бори аввал дар кишвар ҷорӣ намудани механизми сабтиномкунии созишномаҳои дутарафаи байни вазорату идораҳо ва мақомоти намояндагии кормандон ва шартномаҳои коллективӣ мебошад, ки барои таъмину риояи ҳуқуқу замонатҳои меҳнатию иҷтимоии кормандон ба таври бояду шояд заминаи муассири ҳуқуқӣ фароҳам намуд.

Алишер Ёрбобоев фориғуттаҳсили риштаи иқтисоди Университети давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти кории худро ба ҳайси фармондеҳи қисми пиёданизом ва баъдан сардори хадамоти молияи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШС  оғоз намудааст (солҳои 1971-1973).

Баъд аз хидмат дар сафи ҚМ ИҶШС як муддат, яъне солҳои 1973-1978 дар Вазорати хизмати маишии ҶШС Тоҷикистон фаъолият карда, минбаъд, зиёда аз 36 сол, то ба нафақа баромадан дар мақомоти меҳнат, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мансабҳои гуногун, аз сардори шуъба то муовини якуми вазир ва мудири шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ифои вазифа намудааст.

Тайи давраи фаъолият дар ин соҳа бо ибтикори Алишер Ёрбобоев мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ таъсису таҷдид ва бозсозӣ гардида, ба яке аз сохторҳои муҳими муованати табақаҳои осебпазири аҳолӣ табдил ёфтанд. Бо пешниҳод ва таҳти роҳбарии Алишер Ёрбобоев дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои шуғли аҳолӣ таъсис дода шуданд.

Бо сарпарастии ӯ лоиҳаи Барномаи давлатии паст кардани сатҳи меҳнати дастӣ дар ҶШС Тоҷикистон ва лоиҳаи Барномаи беҳтаргардонии шароит, ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарии ҶШС Тоҷикистон омода гардида, дар ҷаласаҳои умумииттифоқӣ дар шаҳри Маскав муаррифӣ карда шуданд ва минбаъд дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор гирифтанд.  Маҳз бо саъю талошҳои муассири ин шахс соли 1991 лоиҳаи Қонуни ҶШС Тоҷикистон “Дар бораи шуғли аҳолӣ” омода гардида, баъдан ба тасдиқ расид. Тибқи муқаррароти ин Қонун, аввалин маротиба мафҳумҳои “бекор”-у “бекорӣ” таъйид шуда, масъалаи бо кор таъминкунӣ ва ҳифзи иҷтимоии бекорон аз ҷониби давлат ба расмият даромад. Ба манзури  татбиқи ин қонун бо ташаббуси мавсуф тақрибан лоиҳаи 30 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуданд. Бо саъю талошҳои ӯ дар Тоҷикистон таҷрибаи нави таҳия ва татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардид, ки амалисозии онҳо то андозае ба таъмини суботи иҷтимоӣ дар кишвар ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд.

Пас аз  оғоз гардидани  муноқишаҳои сиёсии дохилӣ ва фирору муҳҷирати иҷборӣ, тибқи дастури Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дар навбати аввал Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати баргардонидани муҳоҷирону фирориёни иҷборӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар робита ба ҳамин Алишер Ёрбобоев ҳамчун муовини Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (барои дарёфти роҳу василаҳои бозгардонидани фирориёну муҳоҷирони иҷбории тоҷик аз Давлати Исломии Афғонистон) ва борҳо  ба минтақаҳои ноороми ҷумҳурӣ сафар карданд. Муштаракан бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барнома ва усули бозгардонидани муҳоҷирону фирориёнро тарҳрезӣ намуда, дар барқарорсозии хонаҳои онҳо бевосита саҳм гузоштанд.

Бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ ва содироти расмии неруҳои корӣ бо ибтикори А. Ёрбобоев лоиҳаи созишномаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Россия, лоиҳаи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва як идда барномаҳо таҳия, тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор дода шуданд. Ӯ дар ташкили сохтори давлатии назоратии Инспексияи меҳнат (ҳоло Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ) саҳм гузошта, вазифаи роҳбари нахустини ин муассисаро як муддат ба  уҳда дошт.

Бо дарназардошти собиқаи самарабахш дар соҳа соли 2006 ӯ мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Тайи давраи фаъолият дар ин вазифа таҳти роҳбарии ӯ ислоҳоти риштаи таъминоти иҷтимоӣ сурат гирифта, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ” таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуданд. Зери назари А. Ёрбобоев аввалин маротиба дар кишвар усули наву муосири таъину пардохти кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ омода ва мавриди татбиқ қарор дода шуд. Тибқи ин усули ҷадид кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба қишри тангдасту бебизоати аҳолӣ ва мустаҳақи ёрии иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.

Фаъолияти пурсамари А. Ёрбобоев пайваста қадрдонӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 бо унвони ифтихории “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст. Соли 1996 узви вобастаи Академияи байналмилатии иттиллотонӣ ва узви Бунёди аврупоии маърифат пазируфта шуда, барои хидматҳои шоён дар рушду такомули соҳа сазовори  ифтихорномаҳои Вазорати меҳнати ИҶШС, Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касабаи ИДМ ва таҳсинномаҳои шаҳрдории Маскав ва Созмони байналмилалии муҳоҷират гардидааст.

Мавриди ёдоварист, ки падари Алишер Ёрбобоев — Изатулло Ёрбобоев ҳамчун ходими намояёни давлатӣ дар мақомоти адлия ва додситонии кишвар хизмати шоён анҷом дода, саҳми хешро дар рушди ин соҳаҳо гузоштааст. Солҳои зиёд ба ҳайси додситони  шаҳрҳои Самарқанд, Хуҷанд, Панҷакент, Ӯротеппа, ноҳияи Ғарм ва ниҳоят дар додситонии ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намуда, барои хидматҳои шоиста дар соҳа бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.

А. Ёрбобоев баъд аз ба нафақа баромадан дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҳайси аъзои раёсати Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Тавре дар зиндагиномаи мавсуф мушоҳида мешавад, фаъолияти ӯ мудом дар ҳоли рушду такомул ва навгароӣ буда.

Абулхайр ҒАФУРИЁН 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Ёрбобоев Алишер Изатуллоевич 7 январи  соли 1951 дар шаҳри Панҷакент дар хонаводаи коршиноси варзидаи мақомоти адлия Изатулло Ёрбобоев чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ факултаи иқтисоди УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1971). Баъди адои хизмати ҳарбӣ, корманди Вазорати хизмати маишии Тоҷикистон (1973-1978), аввалин роҳбари Хадамоти шуғли аҳолии ҶТ (1985-93), сохторҳои гуногуни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ (1978-1985), муовин, муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ (1993-2003) кор кардааст. Узви вобастаи Акададемияи Байналмилалии Иттилоот (1996) мебошад. Соли 2003 узви Хазинаи маърифати Аврупо интихоб шудааст. Аз соли 1994 – раиси Хазинаи ҷумҳуриявии хайрияи «Ятимон». Дар таҳияи як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои гуногуни меҳнат, маълумоти касбӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат варзидааст. Бо роҳбарии ӯ қисми «Меҳнат»-и Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҶТ барои с. 2001-2005 таҳия шудааст. С. 1996-1998 аз ҷумлаи таҳиягарони «Ҳисоботи рушди инсон» буд, ки аз тарафи Барномаи рушди СММ омода шудааст. Cолҳои 2005-2007 узви гурӯҳи кории Президенти ҶТ оид ба таҳияи Стратегияи ягонаи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии ҶТ, Стратегияи миллии рушд барои с. 2007-2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои с. 2007-2009 ва мушовири Бонки ҷаҳонӣ буд. Соли 2007 – сардори шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъйин шуда буд.

Соли 2000 бо Фармони Президенти ҶТ бо унвони «Корманди шоистаи Точикистон» мукофотонида шудааст. Шаҳодатнома ва медали ин унвонро ба ӯ дар арафаи Рӯзи истиқлол ҳамон сол худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоридаанд. Инчунин соли 2020 бо Фармони Президенти Россия В. Путин бо медали ҷашнии «75-солагии Ғалаба  дар ҶБВ» сарфароз гардонида шуд.

Январь 6, 2021 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид
ГУРДОФАРИД АЗ ЛАХШ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Исмоил Шафиев – марде, ки умрашро сарфи ободии Ватан кардааст
РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Ҷалолиддин Балхии Румӣ ҳашт аср пеш бар зидди ифротгароӣ ва таассуби динӣ, ки толибон имрӯз дар Афғонистон паҳн мекунанд, мубориза мебурд
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ВАҲШОНИЯТ. Толибон нисбат ба қабри Аҳмадшоҳи Масъуд дар Панҷшер таҳқир раво дидаанд
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. Саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон дар рушди маориф