Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад

Май 19, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз бо иқдоми беназир ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд.

Маросими ҷаноза ва ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос баргузор гардид.

Дар зер шарҳи ҳоли мухтасари ин се шахсияти қаҳрамону ҷоннисор ва фарзандони номдори миллат пешниҳоди хонандагон мегардад

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ

Нусратулло Махсум (Нусратулло Лутфуллоев) соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии водии Ғарм (ҳозира ноҳияи Рашт) дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст.

Маълумоти ибтидоиро дар мактабу мадраса гирифта, аз хурдӣ ба корҳои кишоварзии падараш ёрӣ мерасонд. Аз сабаби сахтии зиндагӣ дар ҷавонӣ рӯ ба ғурбату муҳоҷирати корӣ оварда, бо машаққати зиёд забондону дорои ҷаҳонбинии васеъ мешавад.

Аз соли 1920 ба корҳои ҳизбию давлатии он замон  ҷалб гардида, дар барқарор кардани ҳокимияти нав дар Бухорои Шарқӣ фаъолона иштирок менамояд.

Моҳи ноябри соли 1924 пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон, яъне нахустин роҳбари аввали Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1929 пас аз таъсиси ҷумҳурии комилҳуқуқи Тоҷикистон Нусратулло Махсум Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва яке аз ҳамраисони Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шуравӣ интихоб гардида, то моҳи декабри соли 1933 ин вазифаро адо менамояд.

Бо васеъ доман паҳн кардани таъқиботи сталинӣ моҳи июли соли 1937 Нусратулло Махсум бо туҳмат ба ҳабс гирифта шуда, моҳи октябри ҳамон сол дар асоси парвандаи ҷиноятии сохта «барои омода кардани ҷиноёти зиддиинқилобӣ» ба ҳукми қатл маҳкум мешавад.

Соли 1957 ба сабаби гунаҳгор набудан бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ ҳукми қабулшуда нисбат ба Нусратулло Махсум бекор карда шуд.

Дар давраи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Нусратулло Махсум дар таърихи кишвар аз нав арзёбӣ гардида, ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд, номи ӯ ба муассисаҳо ва кӯчаҳо гузошта шуда, дар таърихнигории миллӣ ҳамчун яке аз бунёдгузорони давлатдории тоҷикон эътироф гардид.

ШИРИНШО ШОҲТЕМУР

Шириншо Шоҳтемур (Шотемур) соли 1899 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон дар оилаи деҳқони одӣ ба дунё омадааст. Ҳангоми 8-9-сола буданаш падару модараш вафот карданд.

Аз сабаби камбизоатӣ ӯ маҷбур шуд, ки дар овони наврасӣ дар гурӯҳи марзбонии русҳо чун коргари одӣ ба кор дарояд. Ҳамзамон дар интернат таҳсил кард ва забони русиро хуб омухт.

Аз соли 1914 ба баъд Шириншо Шоҳтемур барои кору таҳсили илм тарки зодгоҳ намуда, ҷаҳонбинии худро васеъ менамояд.

Аз соли 1921 ба корҳои ҳизбию давлатии шуравӣ ҷалб шуда, дар барқарор намудани ҳокимияти нав дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ фаъолона иштирок менамояд.

Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии  Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур узви Кумитаи инқилобии Тоҷикистон таъйин гардида, ба Душанбе ба кор фиристода шуд ва дар ташкил кардани мақомоти ҳизбию ҳукуматии ҷумҳурии навтаъсис саҳми арзанда гузошт.

Шириншоҳ Шотемур яке аз он шахсоне буд, ки барои таъмини ҳуқуқи тоҷикон фаъолона мубориза бурд ва намунаи барҷастаи ин гузориши ӯ ба номи Иосиф Сталин дар бораи вазъияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии тоҷикон дар Осиёи Марказӣ аз моҳи июни соли 1926 мебошад.

Охири соли 1933 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар авҷи маъракаи таъқиботи сталинӣ 9 июли соли 1937 дар Москва ба ҳабс гирифта шуда, 21 октябри ҳамон сол дар асоси парвандаи ҷиноятии сохта бо гуноҳи иштирок дар ташкилоти миллатгароии зиддишуравӣ ҳукми қатл гирифт.

Соли 1956 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шуравӣ ҳукми соли 1937 баровардаро нисбат ба Шириншоҳ Шоҳтемур бекор намуда, парвандаро барои надоштани унсурҳои ҷиноӣ қатъ намуд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи кишвар қадрдонӣ ва ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва номи ӯ ба кӯчаҳо, муассисаҳо ва ёдгориҳо гузошта шуд.

НИСОР МУҲАММАД

Нисор Муҳаммад соли 1897 дар Пешовар ба дунё омадааст.

Ӯ дар рӯйдодҳои инқилобӣ дар Афғонистон иштирок дошт ва яке аз қаҳрамонони Ҷанги сеюми англису афғон дар соли 1919 буд. Ӯ аз ёрони амиру шоҳи ояндаи Афғонистон Амонуллоҳхон буд. Сипас чун муҳоҷири сиёсӣ ба Осиёи Миёна гурехта, дар поягузории илму маориф дар Тоҷикистон саҳми намоён мегузорад.

Аввалин китобҳои дарсӣ ва мактабҳо бо талошҳои ӯ падидор мегарданд. Солҳои 1923—1924 китобҳои ӯ «Раҳнамои ҳисоб» ва «Алифбо» ба табъ мерасанд. Нахустин донишҷӯёни тоҷик бо роҳнамоии ӯ ба донишгоҳҳои бонуфузи Москваю Ленинград фиристода мешаванд.

Бо таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нисор Муҳаммад ба корҳои вобаста ба рушди ҷумҳурии навташкил ҷалб гардида, соли 1927 комиссари халқии маорифи (Вазири маорифи) Тоҷикистон таъйин карда мешавад.

Дар раванди ба ҷумҳурии мо ҳамроҳ кардани округи Хуҷанд ва сипас ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон саҳми намоён гузоштааст.

Нисор Муҳаммад дар пайи таъқибҳои сиёсии сталинӣ 8 октябри 1937 ба ҳабс гирифта шуда, дар асоси парвандаи сохта ҳукми қатл гирифт ва 22 октябри ҳамон сол кушта шуд.

Дар шаҳри Душанбе ба нишони қадрдонӣ аз заҳматҳои пурарзиши ин шахсияти фидокор кӯчае, ки бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он воқеъ аст, ба номи Нисор Муҳаммад гузошта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 19, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
1 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ андозаи нафақаҳо зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиши илмӣ доир мегардад
Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа​ оид ба саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳ ва ваҳдати миллӣ филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш доир шуд