Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст

Май 20, 2026 09:18

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, 19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими истиқболи хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба хизматҳои фарзандони диловари Ватан

Иштироки Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ бозгӯи арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.

Дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Дар иртибот ба ин рӯйдоди таърихиву фаромӯшнопазир АМИТ «Ховар» зиндагиномаи ин шахсиятҳои барӯманд ва сарсупурдаи миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро пешкаши хонандагон менамояд.

Нусратулло Махсум (1881-1937)

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст.

Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғона сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия (солҳои 1905-1907) Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд иштирок намудааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ — демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шуроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад.

Аз соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро дар таъмини аскарони сурх иштирок карда, ҳамчунин дар мубориза бар зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст.

Сипас ба ҳайси раиси комиссияи фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси Кумитаи иҷроияи марказии Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон кор кардааст.

Мақоми олии давлатии Нусратулло Махсум

1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шуроҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх Нусратулло Махсум якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст.

Сипас ба ихтиёри Кумитаи марказии ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи банақшагирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии (б) Узбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии (б) Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ буд.

Ҷазои олии Нусратулло Махсум бо иттиҳоми бардурӯғ

Нусратулло Махсум ба мисли бисёр кормандони софдили шуравӣ ва сиёсатмадорон ба зери фишори репрессияҳо афтод ва 8 июли соли 1937 боздошт шуд. 31 октябри соли 1937 Нусратулло Махсумро бо иттиҳоми бардурӯғ дар фаъолияти зиддиинқилобӣ ба ҷазои олӣ маҳкум карданд ва рӯзи дигар– 1 ноябри соли 1037 дар Москва ба қатл расонида шуд.

28 декабри 1957 Раёсати ҳарбии Суди Олӣ қарори прокурори генералии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистиро дида, ҳукмро дар ҳаққи Нусратулло Махсум бекор кард. Бо қарори раёсати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 26 июни 1964 Нусратулло Махсум аз ҷиҳати ҳизбӣ сафед шуд.

Арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба садоқат ва фидокории Нусратулло Махсум

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати фидокорӣ, садоқат ба миллат ва Ватан хизматҳои шоён ва сарсупурдагии Нусратулло Махсумро дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, соли 2006 ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Инчунин яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба номи Нусратулло Махсум гузошта шудааст.

Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур (1899-1937)

Шириншо Шоҳтемур, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравӣ, ки дар ҳимояи миллати тоҷик ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон хизматҳои бузург намудаст, соли 1899 дар деҳаи Поршиневи волости Поршинев-Помири ғарбии Аморати Бухоро дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида, зиндагии хеле қашшоқона доштанд.

Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте ки Шириншо 8-9-сола буд, волидонаш аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли руҳонист, ки дар номи насабаш низ инъикос ёфтааст.

То дувоздаҳсолагӣ Шириншо Шоҳтемур дар назди бародараш умр ба сар бурдааст.

Аз соли 1911 ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол таҳсил намудааст. Инчунин дар назди сардори отряди Помир кор мекард.

Фаъолияти Шириншо Шоҳте мур дар Тошканд

Шириншо Шоҳтемур соли 1914 дар 15-солагӣ мактабро хатм намуда, бо штаб — капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин, ки дар Тошканд зиндагӣ мекард, аз Помир ба Тошканд омад. Тамоми роҳ хизматгузори ӯ буд ва давоми 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914 дар хонааш ба сифати пешхизмат ва дарбон кор намуд.

Аз декабри соли 1914 то моҳи майи соли 1915 чун фаррош дар омӯзишгоҳи ҳаштуми русӣ — маҳаллии шаҳри Тошканд хизмат намуда, инчунин назди мудири омӯзишгоҳ Апполон Петрович Радугин таълим гирифт. Аз 1 майи соли 1915 таҳсилашро хотима дода, то моҳи августи соли 1915 мардикори заводи Иванов (Бешеғоч), аз 11 август то 30 сентябри соли 1916 вагонбар ва кондуктори трамваи Тошканд буд. Аз октябри соли 1916 то январи соли 1917 дар артели Матвеев ба сифати бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор кард.

Аз соли 1921–узви Ҳизби коммунист

Аз январи соли 1917 то 26 август боз дар назди ҳамон муаллим барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дида, 26 август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар 18-солагӣ ба синфи аввал дохил шуд. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд.

Шириншо маҷбур шуд, ки аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд дохил шавад. Баъди як моҳ — моҳи октябри соли 1917 Инқилоби Октябрро пешвоз гирифт. То ин вақт Шириншо дар бораи идеяи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ҳоказо тасаввурот надошт. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ дар пойдор гардидани Ҳокимияти Шуравӣ дар Осиёи Миёна иштирок кардааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд. Рақами билети аъзогияш 539289, баъди ивазшавӣ 0830934.

Дар семинария то соли 1921 таҳсил намуд.

Фаъолият дар кумитаи тақсимоти озуқавории Хуҷанд ва Дилварзин

Баъди ба итмом расонидани мактаб моҳи майи соли 1921 дар ҳайати 500 нафар «студентони пролетарӣ» аз тарафи Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон ба шаҳри Қуқанди Фарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристода шуда, дар разверсткаи озуқавории волости Дилварзин иштирок намуд. Баъди дуним сол — 10 июл бо телеграммаи Турк — Кумитаи иҷроияи марказӣ ба шаҳри Тошканд даъват гардида, ба сифати коркуни масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ 18 июли соли 1921 ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) равона гардид.

Солҳои 1921-22 узви сегонаи мазкур ва аз октябри соли 1922 сардори он буд. Моҳи августи соли 1923 ҳангоми расидан ба Тошканд бо назардошти он ки аз соли 1921 то соли 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт ва уязвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводи зарурӣ ба комиссиюни ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистони соли 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи узвияти ҳизбии худ аз соли 1921 гирифт. Аз октябри соли 1923 то 5 августи соли 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи соли 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шуъбаи таҳтонии аққалияти миллии шуъбаи ташвиқ ва тарғиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунистии Туркистон буд.

То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар шаҳри Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (cоли 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон Шириншо Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъйин гардида, ба шаҳри Душанбе ба кор фиристода шуд. 27 октябри соли 1937 дар Москва дар давраи репрессия ба қатл расонида шуд.

Қадрдонии хизматҳо ва фидокориҳои Шириншо Шоҳтемур

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳо ва фидокориҳои ин марди шуҷоъ ва далерро қадр намуд. Соли 2006 ба Шириншо Шотемур унвони олии давлатии Тоҷикистон — Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 1999 Шириншо Шотемур барои фаъолияти фидокоронааш дар бунёдгузорӣ, таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ гардид.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе ба номи Шириншо Шоҳтемур гузошта шудааст. Ҳамзамон ба номи Шириншо Шотемур якчанд кӯчаву маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон гузошта шудаанд. Шириншо Шотемур барҳақ фарзанди ҷонфидои миллати тоҷик маҳсуб мешавад.

Миллати сарбаланди тоҷик дар радифи дигар фарзандони бузурги худ номи Шириншо Шотемурро бо сипос ба забон мегиранд, кору пайкор ва заҳматҳои кашидаи ӯро ба хотири Ватан ва халқ фаромӯш намесозанд.

Нисор Муҳаммад (1897-1937). Аввалин комиссари халқии маорифи Тоҷикистон

Нисор Муҳаммад, ки аввалин комиссари халқии маорифи Тоҷикистон буд, соли 1897 дар шаҳри Пешовари Покистон ба дунё омадааст. Ӯ дар рӯйдодҳои инқилобӣ дар Афғонистон иштирок дошт, яке аз ёрони Амонуллоҳхон буд, сипас муҳоҷири сиёсӣ шуда, ба Осиёи Миёна фирор намуд.

Нисор Муҳаммад муҳаққиқи забонҳои мардумони хурди Осиёи Миёна, яке аз бунёнгузорони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, наздиктарин ҳамкори Шириншо Шоҳтемур буд.

Аз соли 1922 омӯзгори Донишгоҳи Тошканд, узви Анҷумани мутолиоти Тоҷикистон буда, нахустин хиштҳоро дар пояи омӯзиш ва илм дар Тоҷикистон гузоштааст.

Аввалин китобҳои дарсӣ ва мактабҳо бо талошҳои ӯ ба вуҷуд омаданд. Таҳсили аввалин донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Тошканд, Москва ва Ленинград самараи фаъолияти фаъоли Нисор Муҳаммад мебошад.

Нақши бориз дар табдили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттиҳодия

Зиндагии шахсии Нисори Муҳаммад боз аз он ҷиҳат таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, ки тамоми умри худро ба рушди Осиёи Миёна бахшидааст. Саҳми Нисор Муҳаммад дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна дар солҳои 1920-30 бузург аст. Нисор Муҳаммад дар соли 1926 аввалин Комиссари халқии маорифи Тоҷикистон шуд.

Нақши ӯ дар замони табдили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттиҳодия дар соли 1929 низ бисёр бузург буд. Солҳои 1923—1924 китобҳои ӯ «Раҳнамои ҳисоб» ва «Алифбо» ба табъ расиданд.

Хизматҳои бузург дар кушодани мактабҳо, аввалин кӯдакистон, китобхона дар Осиёи Миёна

Ҳар чизе, ки бо фарҳангу маорифи мо дар ибтидои асри ХХ алоқаманд аст, ба номи Нисор Муҳаммад иртибот дорад. Нисор Муҳаммад барои кушодани мактабҳо, аввалин кӯдакистон, китобхона ва омӯзишгоҳҳо дар саросари Осиёи Миёна — Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд, Фарғона ва Тошканд корҳои зиёде ба анҷом расонидааст. Вай табъи шеърнависӣ ҳам дошт ва ҳамчунин фолклори тоҷикро ҷамъоварӣ менамуд.

Нисор Муҳаммад 8 октябри 1937 бо иттиҳомоти сохта ва дурӯғин аз ҷониби Комиссари халқии корҳои дохилии собиқ ИҶШС /НКВД/ дастгир шуд ва дар ҷараёни таҳқиқот 22 октябри 1937, ки ҳатто 40 сол надошт, паронда шуд. Соли 1957 ӯро сафед карданд, Хотираи ин марди далеру шуҷоъ ва миллатдӯсту маорифпарвари асил дар таърихи Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад. Дар шаҳри Душанбе кӯчае, ки дар он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошад, номи Нисор Муҳаммадро дорад.

Гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат–ҷузъе аз сиёсати давлати Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки ин иқдом- ба сарзамини Тоҷикистон овардани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии миллати тоҷик Нисор Муҳаммад ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз, инсондӯстона ва наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад. Ва бозгӯи он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Май 20, 2026 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад