РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Сайбибӣ Шарифова чун фариштаи меҳр 50 соли умри пурбаракаташро ба соҳаи тандурустӣ бахшидааст

Август 24, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар дунё шахсоне умр ба сар мебаранд, ки бо меҳнати софдилона, фазилатҳои наҷиби инсонӣ ва хизматҳои арзанда ба халқу Ватан дар ҷомеа мақому манзалат пайдо намуда, маҳбуби дилҳо гардидаанд. Дар саҳифаи «Рӯзгори одамони наҷиб» аз ҳаёту фаъолияти зан-модаре нақл мекунем, ки 50 соли умри пурбаракаташро ба соҳаи тандурустӣ бахшидааст. Ин зани мушфиқу меҳрубон ва ҳалиму хоксор сокини кӯчаи Боқӣ Раҳимзодаи шаҳри Ҳисор Сайбибӣ Шарифова мебошад, ки солҳои тӯлонӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳисор ба ҳайси момодоя фаъолият намуда, ба садҳо модар дар лаҳзаҳои мушкили таваллуд кумак расонидааст.

Сазовори эҳтиром

Сайбибӣ Шарифова 78 сол дошта, соли 1948 дар шаҳри Ҳисор, дар оилаи серфазанд таваллуд шуда, ба камол расидааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Белайдуз соли 1963 ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1967 муваффақона хатм намуд. Пас аз хатми омӯзишгоҳи тиббӣ корро дар таваллудхонаи деҳаи собиқ Қипчоқ, холо Меҳргони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ба ҳайси момодоя оғоз намуд. Баъди се сол, шуруъ аз соли 1971 то соли 2017 дар таваллудхонаи деҳаи Турдибобо ҳамчун момодоя фаъолият намудааст. Ӯ бо меҳрубонӣ, сухани нарм ва муносибати самимӣ тавонист эҳтирому боварии мардумро соҳиб гардад. Ҳар тифли навзоде, ки бо кумаки ӯ ба дунё меомад, барояш на танҳо масъулият, балки иқболи наку буд, зеро ӯ хушбахтиро дар ашки шодии модарон ҳангоми таваллуд ва гиряи аввалини тифлон эҳсос менамуд.

Рӯъёҳои ширин

Меҳри табиб шудан дар дили Сайбибӣ аз хурдӣ ҷой гирифта буд. «Орзу доштам, ки ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавам, аммо дар он давра шароит набуд. Модарам, ки зани деҳотӣ ва серфарзанд буд, садди роҳи таҳсилам шуд. Танҳо бо дастгирии амаки падарам Мустафоқул Нурмуҳаммедов, ки шахси донишманду бомаърифат ва соҳибэҳтиром буд, ба орзуям расидам, яъне донишҷӯ шудам. Суханони ин марди хирадманд то ҳанӯз дар гӯшаи хотирам нақш бастаанд, ки мегуфт: «Духтар бояд хонад, таҳсилкарда бошад, касбу ҳунар омӯзад, хонанишин нашавад, дар зиндагӣ ва ҷомеа нақши зани соҳибмаълумот калон аст, зан, ки бомаърифат шуд, ҷомеа ҳам соҳибмаърифат шуда, пеш меравад».

Таҳсил дар омӯзишгоҳи тиббии Душанбе

Сайбибӣ Шарифова мегӯяд, ки “таҳсил дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе бароям мушкил буд, зеро духтари деҳотӣ будам ва таҳсил ба забони русӣ мегузашт. Вале бо саъю кӯшиш ва иродаи қавӣ дар муддати кӯтоҳ забони русиро хуб омӯхтам ва дар дарсу машғулият баробари русзабонҳо сухан мекардам. Дар омӯзишгоҳи тиббӣ устодони хеле сахтгиру донишманд дарс медоданд ва ман нозукиҳои касби пуршарафи момодоягиро аз онҳо хуб омӯхтам”.

Шабзиндадорӣ ва муҳаббат ба инсон

Сайбибӣ Шарифова солҳои тӯлонӣ дар таваллудхонаи деҳаи Турдибобои шаҳри Ҳисор фаъолият карда, бо меҳнати ҳалол дар байни ҳамкасбон ва мардум обрӯ ва эътибор пайдо намуд. Ба андешаи ӯ, дар касби момодоягӣ, пеш аз ҳама, бояд муҳаббат ба инсон ва эҳсоси масъулият вуҷуд дошта бошад. Пешаи момодоягӣ масъулияти зиёд, сабру таҳаммул, неруи равонӣ ва меҳнати шабонарӯзӣ талаб мекунад. Момодояҳо бисёр вақт шабзиндадорӣ менамоянд, то саломатии модару тифлонро ҳифз созанд. Маҳз чунин занони меҳрубону чашмикордон ва фидоии касб бо меҳнати ҳалол ба зиндагӣ нуру сахо ато намуда, дар ҷомеа мавқеъ пайдо кардаанд.

Сухан неру ва тавоноӣ мебахшад

Момодояи касбӣ ҳамеша саъй менамояд, ки бо чеҳраи кушода ва суханони нарму таскинбахш ба дилҳои модарон гармиву умед бахшад. «Бо занони ҳомила, ки ба таваллудхона оварда мешуданд, бо сухани хуш муносибат менамудам. Ҳаргиз онҳоро сарзаниш ё дӯғу пуписа намекардем. Ҳангоми таваллуд, ки барои занон ҳолати ниҳоят мушкилу шадид аст, бо ширинсуханӣ, бо алфози хуш- «ҷони ман», «моҳи ман», «офтоби ман», «ширини оча», «духтарҷони боғайрати ман» гӯён муроҷиат менамудам, то дардашон сабуктар шавад. Дар ҳолатҳои таваллуд, ки занони ҳомила бештар азияти равонӣ мекашанд, суханони ман ба онҳо неру ва тавоноӣ мебахшид».

Тааҷҷуби вазир

“Як рӯзи истироҳат дар таваллудхонаи деҳаи Турдибобо навбатдор ва дар толори нигоҳубини тифлони навзод машғули муоинаи тифлон будам. Нохост дар боз шуду Вазири тандурустии Тоҷикистон Иван Яковлевич Саженин, ки солиёни зиёд дар мансаби вазири тандурустӣ фаъолият дошт, вориди толор шуд ва гуфт, ки дар ин ҷо кӣ навбатдор? Гуфтам ман- Сайбибӣ Шарифова. Баъдан ба вазир гуфтам, ки аз толор бароед, ба тан хилъати тиббӣ, ба даст дастпӯшакҳои махсуси тиббӣ пӯшида, дастҳоятонро бо маҳлули антисептикӣ тоза намуда, сипас вориди толор шавед, чун дар ин ҷо тифлони навзод нигоҳубин карда мешаванд ва ҳифзи саломатии онҳо барои мо, табибон ва давлат ниҳоят муҳим аст. Вазир дар тааҷҷуб монда, бозпас гашту аз дар баромад ва дар тан хилъат ва дастпӯшакҳои тиббӣ ба даст, дарро тақ-тақ намуда, салом дод ва иҷозати вориди толор шудан пурсид. Баъди гирифтани иҷозати даромадан вазир дохили толори нигоҳубини тифлони навзод шуда, бо табассуми малеҳ гуфт, ки «офарин Сайбибӣ Раззоқовна! Ман бо мақсади назорат ба таваллудхона омадам, шуморо санҷидам, маълум шуд, ки Шумо сидқан меҳнат мекунед, ба касбатон содиқу вафодор будаед ва рисолататонро мутобиқи принсипҳои соҳаи тандурустӣ ва қасами Гиппократ сарбаландона иҷро менамоед. Ман аз рафтору гуфтор ва ҷасорати Шумо барин момодоя дар тааҷҷуб мондаму хурсанд ҳам шудам, аҳсан!»,-хотироташро нақл намуд Сайбибӣ Шарифова.

Роҳ ба сӯи деҳаи Рағоба

Барои момодояҳо кумак расонидан ба модарон ҳангоми таваллуд лаҳзаи фаромӯшнашаванда аст, зеро ба дунё омадани тифл худ оғози зиндагии нав аст. «Яке аз лаҳзаҳои хеле хотирмон дар фаъолияти момодоягиям- ин расонидани кумаки тиббӣ ба зани ҳомилае дар деҳаи дурдасти кӯҳии Рағоба буд. Солҳои 1970 дар деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ ба ҳайси момодоя фаъолият доштам. Хабар омад, ки зани ҳомиладор дар деҳаи Рағоба дар вазъи ногувор ва ҳолати хунравӣ қарор дорад. Тавассути аспу маркаб ба деҳаи Рағоба, ба ҳавлии зани ҳомила расидем, дар атрофи зани ҳомила занони куҳансоли деҳа давра зада нишастаанд ва вақте, ки маро диданд, бо нобоварӣ гуфтанд, ки «аз дасти ин духтараки ҷавон чӣ кор меомада бошад?». Ман баъди зани ҳомиларо аз назар гузаронидан ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ давида, ба тарафи шурои деҳа, ки нуқтаи телефон мавҷуд буд, рафтам ва ба марказ, ба сардухтури беморхонаи касалиҳои занона Валентина Ивановна, ки яке аз гинекологҳои беҳтарин дар ҷумҳурӣ буда, бисёр нозукиҳои корро аз ӯ омӯхтаам, занг зада, гуфтам, ки” Валентина Ивановна, зани ҳомила дар ҳолати ниҳоят ногувор қарор дорад, ман аз уҳдаи муолиҷааш баромада наметавонам, ҳатман чархбол фиристед”.

Ту ғайрат дорӣ, ҷасурӣ, ту метавонӣ!

Чархбол фиристониданд, ки дар дохилаш тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ мавҷуд буд. Дар дохили чархбол бо Валентина Ивановна тавассути дастгоҳи алоқа боз дар тамос шуда, кори аз дастам омадаро барои ин зан иҷро намудам, дар асоси тавсияҳои сардухтур ба зани бемор дору гузаронидам, кумаки тиббӣ расонидам. Дар баробари тавсияҳо сардухтур Валентина Ивановна тавассути дастгоҳи алоқа маро дастгирӣ намуда, руҳбалад месохт. Мегуфт, ки: «натарс, наҳарос, ту ғайрат дорӣ, ҷасурӣ, ту метавонӣ, аз уӯҳдаи кор мебароӣ!». Хуллас зани беморро тавассути чархбол ба маркази ноҳия овардем ва дар таваллудхона тифли солим ба дунё овард. Ҳамин тавр тифл ва модараш аз марг наҷот дода шуданд.

Тамаъҷӯӣ набуд

Касби момодогӣ хеле касби нозук аст, соҳиби он бояд эҳтиёткор бошад, таҷрибаи бой дошта бошад, бояд бештар хонаду таҷриба омӯзад. Пешаи момодоягӣ сабру таҳаммул, донишу таҷриба ва қалби пурмеҳрро тақозо менамояд. Ҳангоми таваллуди занон ба онҳо аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст. Момодоя ва тамоми кормандони соҳаи тиб набояд сирри фаъолияташро аз муассисаи тандурустӣ берун бароранд, зеро ин хеле муҳим аст. Дар лаҳзаҳои таваллуд, ки занон изтироб доранд, чеҳраи пуртабассум ва суханони нарму самимии момодояҳо ба онҳо умед ва неруи тоза мебахшад. Меҳрубону хушмуомила бояд буд, на тамаъҷӯю дағал. Вақте ки тифл ба дунё меомад, ба хешу табори зан момодояҳо пайғом мерасонданд, ки духтар ё писар ба дунё омад ва онҳо гоҳо 10 рубл ҳадяпулӣ -шодиёна медоданд, гоҳҳо момодояҳо онро ҳам зиёд гуфта намегирифтанд.

18 сол дар вазифаи раиси маҳалла

Таҷрибаи ғанӣ ва чашмикордонии ин зани мушфиқу меҳрубон ва ташаббускор аз назари масъулин пинҳон намонд. Маҳз бо шарофати хислатҳои наҷибу инсонӣ, ташаббускорӣ, меҳнатдӯстӣ ва чашмикордонию мушкилнописандӣ Сайбибӣ Шарифова аз соли 2001 то соли 2019- ба муддати 18 сол ба ҳайси раиси маҳаллаи ба номи Боқӣ Раҳимзодаи шаҳраки Ҳисор фаъолият намуд. Дар ин муддат маҳз бо масъулиятшиносии ин зани ташаббускор дар ҳамкорӣ бо сокинон роҳҳои дохили маҳалла асфалтпӯш гардиданд. Инчунин дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ дар қитъаи навбунёди кӯчаи Соҳилӣ дар ҳамкорӣ бо мардум хати барқ кашида шуд ва бо истифода аз шароити мусоид ба мардум кумакҳои иҷтимоӣ расонида шуданд. Сайбибӣ Шарифова дар байни аҳолӣ оид ба тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, корҳои ободонӣ, риояи қонунҳои миллӣ, ки ба сарфаю сариштакорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ нигаронида шудаанд, корҳои тарғиботӣ мебурд, сокинонро ба сарфаю саришаткорӣ, риоя ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, садоқат ба ватан, меҳнатдӯстӣ ва ободкорию созандагӣ даъват менамуд. «Зимни фаъолиятам хамчун раиси маҳалла кӯшиш менамудам, ки ба халқу диёрам манфиат расонам, дар раванди ободонию бунёдкорӣ саҳм гузорам ва ин бароям шарафи бузург буд»,- мегӯяд Сайбибӣ Шарифова. Ин аст, ки то ҳол сокинони маҳалла эҳтиромаш намуда, ба дидорбиниаш меоянд ва маслиҳат мепурсанд.

Шукри осмони софи Тоҷикистон

Имрӯзҳо Сайбибӣ Шарифова дар ҳалқаи фарзандону набераҳо давлати пирӣ меронад. «Шукронаи тинҷию оромӣ, субот ва осмони софи Тоҷикистон менамоям. Шукри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки миллати тоҷикро сарҷамъ намуданд ва дар ободонию пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистон саҳми калон гузоштанд»,- мегӯяд бо ифтихор ин зани табиб.

Гулро дӯст медорад

Хизматҳои ин зани ватандӯсту меҳнатқарин дар ҷомеа ва соҳаи тандурустӣ бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома»-ҳо қадрдонӣ шудаанд. Дар оиладорӣ низ намунаи ибрат буда, 4 фарзандро ба камол расонидааст, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд. Аз овони ҷавонӣ Сайбибӣ Шарифова гулро дӯст медошт ва дар ҳавлиашон гулҳои гуногун парвариш менамуд. «Гул рамзи зебоии ҳаёт, покӣ, меҳру муҳаббат, назокат ва ҷавониро дорад»,- мегӯяд Сайбибӣ Шарифова. Имрӯз ҳам вақте, ки фарзандону пайвандон барояш гулдаста ва номаҳои шодбошӣ тақдим менамоянд, таманиёти неки номаҳоро хонда, шукри гузаштаю имрӯз, шукри умри пурбаракат ва суботу осоиштагии Тоҷикистони азизро менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Август 24, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — омили пойдории давлатдории миллӣ» ба нашр расид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба хушконидани меваҳо бо тарзи муосир
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст