Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд

Май 24, 2026 15:00

РӮДАКӢ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Нилкони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири гиромидошти Нависандаи халқии Тоҷикистон, шодравон Кароматуллоҳи Мирзо барнома фарҳангию адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки Кароматуллоҳи Мирзо ҳамчун адиби соҳибсабк, инсони хоксору маърифатпарвар ва тарғибгари арзишҳои миллӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Осори ӯ имрӯз низ маҳбуби хонандагон буда, дар тарбияи маънавии насли наврас нақши муассир дорад.

Зимни ҳамоиш дӯстону ҳамкасбони шодравон Кароматуллоҳи Мирзо гуфтанд, ки адиб тамоми умри худро ба хизмати адабиёт, фарҳанг ва маърифати ҷомеа бахшид. Осори пурмуҳтавои ӯ саршор аз идеяҳои ватандӯстӣ, инсонгароӣ, ахлоқи ҳамида ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ буда, барои ҷавонон ҳамчун мактаби тарбия хизмат мекунад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз дӯстию ҳамкории солҳои тӯлонӣ бо марҳум доштааш қисса намуда, ӯро шахсияти соҳибандеша ва вафодор ба рисолати адибӣ номид.

Инчунин аз таъсири эҷодиёти адиб дар рушди насри тоҷик ва насли нав ёдоварӣ карда шуд.

Аз ҷониби хонандагони муассиса саҳнаҳои тарбиявӣ ва қироати порчаҳои насрӣ аз эҷодиёти нависанда пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Май 24, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
ХАЗОНРЕЗ. Ба ёди Ҳабибулло Назаров
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Дӯстмурод Уроқов — аввалин олим дар Осиёи Марказӣ, ки дар соҳаи муҳосибот ва аудит рисолаи докторӣ дифоъ намудааст
Имрӯз ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода 114 сол пур мешавад
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар Осорхонаи миллӣ намоиш ташкил мешавад
ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
Дар Душанбе китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев рӯнамоӣ карда шуд
«БО НИГОҲАТ РӮЗГОРАМ ОФТОБӢ МЕШАВАД!». Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 80-сола шуд
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Омӯзиши фаъолияти касбии академик Раҳим Масов барои тарбияи насли ҷавон мактаби бузурги таълимиву тарбиявист