Пагоҳ дар Душанбе дар базмгоҳи ҷашни Сада имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

Январь 30, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 30.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада, ки пагоҳ дар  Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  доир мешавад, дар радифи намоиши ниҳолу, зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гушаи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳоди иштирокорони тантанаҳои идона мегардад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бори аввал намоиши мастер класҳои ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ,  малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имкониятҳои сайёҳии куҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида мешавад. Инчунин бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим мегардад.

“Дар намоишгоҳ маводи иттилоотию тарғиботии сайёҳӣ, имкониятҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба намудҳои афзалиятноки соҳа ва эҷодиёти донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин бахши сайёҳии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе  ба  тамошо гузошта мешаванд»,-афзуд манбаъ.

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, он ҳамчун ҷашни  омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардид.

Сада, ки дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, назири ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми мо  маҳсуб ёфта, маҳбубияти он  аз замонҳои бостон то рӯзгори мо расидааст.Маҳз ҳамин фарҳангу тамаддуни ниёгони мо  ттаваҷҷуҳи зиёди сайёҳону меҳмононро баҳри шиносоӣ ба урфу одат, анъанаҳои миллӣ, расму оини мардумӣ ҷалб намудааст.

Ҳадаф аз муаррифии дастоврадҳои сайёҳи дар базмгоҳи ҷашни Сада, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби анъанаҳои миллии ниёгон ва ба ин васила боло бурдани нақши тамаддунсози миллати тоҷик ва муаррифии имкониятҳои шоистаи сайёҳӣ кишвар, хусусан иди Сада ҳамчун бренди сайёҳӣ мебошад.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»