Шиори раёсати Тоҷикистон дар СҲШ: «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ»
ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 январ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар солҳои 2020-2021 брифинг баргузор гардид. Дар бораи авлавияти кишварамон дар давраи раёсат дар СҲШ сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода ва сардори шуъбаи Созмони ҳамкории Шанхай Шуҳрат Собирзода маълумот доданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷараёни брифинг маросими муаррифии рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуда буданд, доир шуд. Бори аввал дар таърихи Созмони ҳамкории Шанхай бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гимни Созмон дар ҷаласаи ҷашнӣ садо хоҳад дод, ки баргузории ҷаласа 16-17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар робита ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, дар ин замина Нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Нақшаи миллӣ ва асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ таҳия ва қабул гардидааст.
Ҳамзамон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситод оид ба баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай фаъолият дорад.
Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати кишвари мо дар СҲШ, ки ба ҷашни 20-солагии таъсиси Созмон рост меояд, Тоҷикистон тасмим гирифтааст фаъолияти густардаи худро пай дар пай ҷиҳати рушди бештари Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими иқтидори он пеш барад.
«Ҳадафҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои аъзои СҲШ, рушди минбаъдаи «рӯҳияи Шанхай», нигоҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеи байналмилалии СҲШ, такмили заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии Созмон ва ғайра равона шудаанд»,- зикр намуд сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода.
Дар анҷом ба намояндагони ВАО сомонаи расмии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ (www.scosummit2021.tj) муаррифӣ гардид, ки дар он тамоми иттилоот вобаста ба Раёсати Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ва чорабиниҳои минбаъда дар ҳошияи СҲШ ҷой дода мешаванд.
Баёнияи иттилоотӣ дар ин пайванд дастрас аст.










Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






