Соҳибназар Ғайратшо бо Йоҳанн Заатҳофф мулоқот намуд

Январь 13, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо бо Ҳамоҳангсози ҳамкории ҷамъиятӣ бо Россия, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шарокати Шарқии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия, вакили Бундестаг Йоҳанн Заатҳофф мулоқот кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, амнияти минтақавӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафир аз дипломати олмонӣ даъват намуд, ки ҳангоми таҳияи стратегияи миллии сиёсати хориҷӣ дар соҳаи манбаъҳои ҷойгузини энергияи таҷдидпазир ва истеҳсолоти созгор бо муҳити зист зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба эътибор гирифта шавад.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Январь 13, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд