Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Хуҷанд шинос шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, чун «Сомон гурӯҳ», «Нассоҷи Хуҷанд», «Суғдиён», «Ҷавонӣ», «Садаф» ва ғайраҳо боздид намуда, бо ҷараёни фаъолияти онҳо шинос шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.
Зимни боздид Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳо доир ба истифодаи мукаммали иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба ҷараёни истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, насб ва ба кор даровардани таҷҳизоти муосир, автоматикунонии истеҳсолот, ҷорисозии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда суҳбат намуд.
Зикр шуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва якчанд барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд.
Ба зикри Шералӣ Кабир, ҳадафи пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар самти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда саноатчиёни шаҳри Хуҷанд иқдом намуда, барои рушди соҳа ҳисса мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хуҷанд 165 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2020 дар ин корхонаҳо ба маблағи 1 492,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.








Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда






