10 феврал Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи телевизион ва радио, МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 9, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  10 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон,  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии  «Телевизиони Сафина»  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар маҷлисгоҳи  Кумитаи  мазкур доир мегардад.

Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 дар бинои Кумита ва Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

МД «Телевизиони Сафина» соати 13:00  дар бинои худ  ва Бонки миллӣ соати 14:00 дар бинои Бонки миллӣ (хиёбони Рӯдакӣ,23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои  238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 9, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид