8 феврал Суди Олӣ, Агентии «Тоҷикстандарт», Маркази миллии қонунгузорӣ ва «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 8, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷиксуғурта»  оид ба ҷамъбасти соли 2020  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи  Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21,  ошёнаи 2) барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» соати 11:00 дар Агентии мазкур доир мегардад.

Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотиашро соати 14:00 дар Маркази мазкур, нишасти матбуотии Суди Олӣ соати 15:00 дар бинои Суди Олӣ баргузор менамоянд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-24, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 8, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд