ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Аз 210 иншооти ҷашнӣ дар Панҷ 164 адад ба истифода дода шудаанд

Февраль 26, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 26.02.2021. /АМИТ  «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ аз ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ дидан намуда, бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус соҳаи маориф, тандурустӣ, саноат ва кишоварзии ноҳия шинос гардид. Зикр шуд, ки аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда то ин давра 164 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони 46 иншоот, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо тибқи нақша идома дорад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Завқӣ Завқизода ба масъулини ноҳия ҷиҳати тезонидани суръати корҳои сохтмонӣ, сари вақт ва бо сифати баланди меъморӣ ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, омода намудани техникаҳои кишоварзӣ ба кишту кори баҳорӣ, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо, истифодаи самараноки замин, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ  супоришҳои мушаххас дод. Инчунин ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, тақвияти таълиму тарбия дар самти омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, ҷалби хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Илм фуруғи маърифат»-ро таъкид намуд.

Ёдовар мешавем, ки Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилона ва самараноки замин ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Февраль 26, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад