Ҳафт узви раҳбарии ДИИШ дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон маҳв карда шуданд

Февраль 16, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти амнияти вилояти Нангарҳори Афғонистон 15 феврал хабар додаанд, ки неруҳои махсуси амнияти миллӣ дар ҷараёни амалиёт дар шаҳри Ҷалолобод ҳафт узви раҳбарии ДИИШ, аз ҷумла як маргталабро маҳв намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи мустақили иттилоотии pajhwok.com.

Ба гуфтаи масъулин ҳарчанд афроди мусаллаҳ ғайринизомиёнро ҳамчун сипар истифода мекарданд, аммо неруҳои махсус амалиётро бо маҳорати баланд анҷом доданд ва ба мардуми маҳаллӣ талафот нарасидааст.

Дар хабарномаи мақомот қайд шудааст, ки қитъаи 02 нерӯҳои махсуси амнияти миллӣ дар минтақаи Чуғакуи ноҳияи 7-уми шаҳри Ҷалолобод, ки гурӯҳи ДИИШ дар он ҷо дар як хона марказ эҷод карда буд,  амалиёт анҷом додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, неруҳои амалётӣ ба муқовимати силоҳбадастон дучор омадаанд ва байни ду тараф задухӯрд ба амал омадааст.

Дар хабарнома  таъкид шудааст, ки ҳангоми задухӯрд ҳафт узви ДИИШ, аз ҷумла як маргталаб кушта шуданд, аммо сокинони маҳаллӣ талафот надидаанд.

Дар ҷараёни амалиёт чаҳор камарбанд бо маводи тарканда барои ҳамлаҳои маргталабона, як адад мушак, се автомати «Калашников», се туфангча, 20 норинҷаки дастӣ ва як миқдор маводи тарканда ошкор ва мусодира шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, афроди кушташуда ният доштанд, ки кушторҳои мақсаднок ва ҳамлаҳои маргталабонаро дар шаҳри Ҷалолобод анҷом диҳанд, аммо пеш аз расидан ба ҳадафи худ нобуд карда шуданд.

Февраль 16, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд