Ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантос Силва роҳбарӣ карданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзномаи нишаст ҷанбаҳои калидии ҳамёрӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавиро дарбар гирифт. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ батафсил баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.
Ҳайатҳо бо қаноатмандӣ аз натиҷаи ҷаласаи 9-ми Шӯрои ҳамкорӣ омодагии худро барои пайгирии масъалаҳои матраҳшуда ва таҳкими тавсеаи доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид доштанд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






