Амалиёти шартии «Корд»: Беш аз 30 адад силоҳи сард мусодира ва фурӯшандаи он ҳабс гардид

Февраль 25, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт  як нафар фурӯшанда ва паҳнкунандаи ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз қабили кордҳои гуногунтамға муайяну ошкор ва фурӯшандаи он дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

21 феврали соли равон зимни санҷиш муайян гардид, ки шаҳрванд Эмомов Алиакбар Сафарович, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт бар хилофи талаботи қонунгузорӣ фурӯши ашёи таркибан силоҳмонандро ба роҳ мондааст.

Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур зиёда аз 30 адад чунин ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.

Зимни пурсиш шаҳрванд Алиакбар Эмомов изҳор дошт, ки ашёи  зикршударо ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ба фурӯш гузоштааст, ки онро асосан ҷавонону ноболиғон мехаридаанд.

Воқеан ҷовонону ноболиғон ин қабил ашёро на ба хотири истифодаи хоҷагӣ, балки бо мақсади бо худ нигоҳ доштану тарс додани рақибони худ мехаранд, ки оқибати фалокатбори он ба ҳамагон маълум аст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Алиакбар Эмомов санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.

Февраль 25, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид