Анатолий Сидоров: Шумораи ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аз 75 ҳазор бештар аст

Февраль 25, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз оид ба “Натиҷаҳои омӯзиши якҷояи мақомоти идоракунӣ ва ташаккули неру ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) барои соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021″ нишасти матбуотӣ дар шакли онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон  иштирок карданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ҳоло шумораи ҷангҷӯёни “Толибон” дар Афғонистон қариб ба 70 ҳазор мерасад. Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ» ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ҳастанд. Мавриди зикр аст, ки  фаъолияти ин гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ мебошад.  Гуфта шуд, ки  террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери назорати худ гирифтаанд ва бештар дар шимол, ҷануб ва ҷанубу шарқи ин ҷумҳурӣ фаъол шудаанд.

Шумораи умумии ин гурӯҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Туркманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.

Зикр гардид, ки дар доираи ҳалли вазифаи ягонаи фаврӣ ва стратегӣ соли 2021 маҷмӯи чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.  Аз ҷумла, машқҳои муштараки  фаврӣ-стратегии «Бародарии низомӣ-2021», ки омодагии ҷузъҳои гуногуни Қӯшунҳои СААД (Қувваҳои дастаҷамъӣ)-ро муттаҳид мекунад, машқҳои махсус бо неру ва воситаҳои иктишофии «Поиск-2021»; машқҳои махсус бо неру ва воситаҳои таъминоти моддию техникии қӯшунҳои (Неруҳои дастаҷамъии) СААД «Эшелон-2021»; машқҳои муштарак бо Неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД «Интераксия-2021» баргузор мешаванд. Зикр гардид, ки ин тамринҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ҳамзамон дар марҳилаи ниҳоии машқи муштараки фаврӣ-стратегӣ дар қаламрави Федератсияи Россия машқҳои муштарак бо неруҳои посдори сулҳи СААД «Бародарии вайроннашаванда-2021» ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҳалли пас аз низоъ дар минтақаи буҳрон бо роҳи гузаронидани амалиёти сулҳ баррасӣ мешаванд.

Дар хотима Анатолий Сидоров таваҷҷуҳи ҳозиринро ба хусусияти сирф мудофиавии ҳамкории низомӣ дар қолаби СААД ҷалб намуда, гуфт, ки кишварҳои узви СААД ният доранд муҷаҳҳазгардонии Неруҳои дастаҷамъии зудамали СААД-ро бо силоҳҳои муосир, техникаи низомӣ ва махсус барои таъмини омодагии баланди ҷангии онҳо бо мақсади муқовимати самаранок бо таҳдидҳои нав идома диҳанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид