Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Суғд 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар ин бора раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро соли сипаригардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 миллиарду 821,0 миллион сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар нишасти матбуотӣ беш аз 70 нафар кормандону намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояту ҷумҳурӣ ширкат варзида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2020 маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Раиси вилоят ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» тадбирҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлоли энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул ҳамаи захираву имконият ҷалб карда шуданд.
Новобаста аз он ки паҳншавии пандемияи коронавируси КОВИД-19 ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба иқтисодиёти вилоят хисороти калон расонид, дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии вилоят ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти миллӣ таъмин карда шавад.
Дар натиҷа маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.
Ба таъсири омилҳои манфӣ нигоҳ накарда, соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид.








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






