Ба шарафи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Сангвор бо хизматчиёнии ҳарбӣ мулоқот доир шуд

Февраль 22, 2021 09:33

САНГВОР, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳбарияти ноҳияи Сангвор ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо хизматчиёнии ҳарбӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ  «Ховар»  иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ  Давлатзода сарбозони шуҷои ватанро бо Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки «Артиши миллӣ ҳанӯз дар оғози ба Истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихро тай намуд. Ҳоло он қодир аст амнияти давлату миллат ва марзу буми кишварро пурра ҳифз намояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат, сипари боэътимоди Ватанамон арзёбӣ намудаанд. Чунки имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони халқу Ватан, тартибот, қонуният ва дастовардҳои истиқлоли худро мебинанд. Мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва оромию ҳаёти осоиштаро дошта, вазифаҳои худро дар таъмини тинҷию осудагӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ва софдилона иҷро менамоянд».

Дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор барои маҳорату малакаи баланди касбӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ як гурӯҳ сарбозону афсарони ин қисми низомӣ бо  туҳфаҳо қадрдонӣ гардида,  барои аскарбачагон дастархони идона ва барномаи консертӣ доир шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоии ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов гуфт, ки ҳамасола дар арафаи  ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Сангвор барои ҳавасманд гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дари худро ба рӯи хонандагони муассисаҳои таълимӣ боз мекунад. Дар асоси нақшаю чорабиниҳои бахши ҷавонони ноҳия хонандагони синфҳои болоии  муассисаҳои таълимӣ бо шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла ҷои хоб, китобхона, утоқҳои таълимӣ, ошхонаву хонаи фароғатӣ, синфхонаи технологӣ, анборхонаи захираи озуқаворӣ, майдончаи машқҳои тактикию амалӣ, ошхона, китобхонаю бунгоҳи тиббӣ ва мошинҳои низомӣ шинос мегарданд.

Февраль 22, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст