Бар асари се таркиш дар Кобул панҷ нафар кушта ва ду тан захмӣ гардиданд

Февраль 23, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Кобул мегӯяд, ки дар натиҷаи се таркиши минаҳои магнитӣ дар Кобул панҷ тан, аз ҷумла як зан кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории «Садои Амрико» -и Афғонистон darivoa.com.

Сухангӯи полиси Кобул Фирдавс Фаромарз рӯзи шанбе (20 феврал) ба рӯзноманигорон гуфт, ки таркиши аввал як мошини тамғаи “Corolla”-ро дар хиёбони Доруламон ҳадаф қарор дод ва ду нафарро маҷрӯҳ кард.

Таркиши дуввум дар як мошини дигар дар ноҳияи чоруми амниятии Кобул рух дод, ки дар натиҷа се нафар, аз ҷумла як зан кушта шуданд.

Таркиши севум дар минтақаи «Пули Ваҳдат», ноҳияи сеюми амниятии полис рух дод ва мошини тамғаи «Ranger»-и низомиён ҳадафи он қарор гирифт. Дар натиҷаи ин таркиш ду нафар кушта шуданд.

Сухангӯи полиси Кобул нагуфт, ки қурбониҳо киҳо буданд, аммо изҳор намуданд, ки маҷрӯҳон ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Ҳафтаи охир дар шаҳри Кобул ҳамлаҳои ҳадафнок, аз ҷумла таркиши минаҳои магнитӣдар мошинҳое, ки неруҳои амниятӣ, кормандони давлатӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва судяҳоро интиқол медиҳанд, ба қайд гирифта шуданд.

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст, аммо давлати Афғонистон борҳо «Толибон» -ро гунаҳгор кардааст.

 

АКС аз Reuters

Февраль 23, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид