Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ доир шуд, ки дар он «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» натиҷагирӣ гардид. Дар ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзои комиссия қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои Барномаи нави давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вазифаҳои навбатӣ гузошта шуданд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Раиси Комиссия-муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба амалишавии нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 тасдиқ шудааст, ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳуқуқию маърифатнокии аҳолӣ, фаъолияти самараноки соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Сол то сол масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, аз ҷумла беҳдошти вазъи муҳити зист, рушди энергияи «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, сарсабзу хуррамгардонии шаҳру диёр, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоссаи мақомоти давлатию фаъолони ҷомеаро талаб менамояд.
Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба масъалаи баррасишуда ҳисоботи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон шунида шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






